НАҲЗАТИЁН ХИЁНАТКОР ВА МАЛЪУНАНД

Дар раванди ҷаҳонишавӣ масоиле, ки оқибатҳои фалокатбори он танҳо марбут ба як минтақа ва ё ташвиши як давлат буд, феълан хосияти умумисайёравӣ пайдо карда, боиси нигаронии ҳамагон мегардад.Хатаре дар як давлат ва таъсири он ба кишварҳои олам, монанд ба маризие дар узви инсон аст, ки кулли аъзоро мутаваҷҷеҳи худ месозад. Бояд зикр кард, ки ҳар як амали манфур аз мағзи пучу бевоя бармеояд ва зуҳуроти терроризм ҳам маҳсули ҳамингуна мағзи инсонист.

Тероризм дар сурат ва сирати гуногун ба амал меояд: таҳдидҳои бевосита дар вақти муборизаи сиёсӣ; зўроварӣ нисбат ба шахсони гуногун ва махсусан, ходимони давлатию ҷамъиятӣ; ба гарав гирифтани шахсони гуногун бо мақсадҳои муайян; рабудани ходимони давлатӣ ва сиёсӣ ё куштани онҳо; талаби пул, воситаҳои дигари модиву молиявӣ ва коммуникатсионӣ; озод намудани маҳбусони сиёсӣ; муваффақ гаштан ба вазъияти умумии террор; душманӣ ангехтан байни ду давлат; паст намудани эътибори ҳокимият ва монанди инҳо.

Агар дар бисёри ҳолатҳо афроди тафриқаангез ба ҳадафҳои нопоки худ нарасанд ҳам, то як андоза метавонандмиёни аҳолии осоишта ҷунбишу таҳлукаеро ба вуҷуд биёваранд, ки мо онро дар таҷрибаи давлатдории навини худ дидем. Вале душманони миллати тоҷик ва гурўҳҳои ифротӣ як нуқтаи хеле муҳиму аслиро набояд фаромуш созанд, ки мардуми тоҷик аз кинаву ғараз ва нияту нақшаҳои нопоки ташкилоти террористӣ – экстирмистии ҳизби мамнўъшудаи наҳзати исломӣ ба хубӣ огаҳӣ доранд. Хусусан, пинҳону ошкоро амал намудани хоинони миллати тоҷик ва кўшиши ҷалби шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро бо истифода аз фазои маҷозӣ ба ҳамагон маълум ва боиси нафрат гардидааст. Аз таърихи хиёнаткории наҳзатиҳо дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва, ҳамзамон, баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ хуб огоҳем, ки ин ташкилоти террористӣ ҳамеша бадандешиву бадниятиро пешаи хеш, қарор дода, бо роҳнамоиву ҳидояти хоҷагонашон фаъолияти таҳрибкорона дорад.

Чандест, ки ба хиёнатҳо ва душмании аъзоёни ТЭТ ҲНИ меандешем ва ҳеҷ тасаввур карда наметавонем, ки чӣ тавр хоинон тавонистаанд ба миллату ватани худ хиёнатро раво бинанд?

Зеро хиёнате, ки ин тоифа бар миллат кардаанд, ҳеҷ инсони солим қодир нест, то бар авлоди хеш чунин хиёнатро содир кунад.

Ҳамон гуна, ки маълум аст, аъзоёни ТЭТ ҲНИ бо супориши хадамоти махсуси давлатҳои хориҷи, дар кишвар хеш ҷанг ташкил намуда, ҷони беш аз 150 ҳазор нафарро гирифта, ки дар он нақши асосиро  наҳзатиҳо мебозиданд, фаромуш нахоҳанд кард – аз ин дида бузургтарин даҳшатафканӣ ва ноинсонӣ дар ҷаҳон нест.

Ҳамчунин дар гӯшаву канори кишвар аъзоёни ин ташкилоти террористӣ дар чанд соли охир зиёда аз 30 амали террористӣ содир намудаанд, ки ин гуноҳи нобахшиданист.

Ҳамаи ин амалҳоро аъзоёни ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ бо фармони хоҷагони хориҷияшон анҷом додаанд, то барои худ як маблағи муайяне ба даст оранд. Ин хомсарони наҳзатӣ аз рӯзи аввал маълум мешавад, ки тарбияи дуруст нагирифтаанд ва аз малъунтарин афроди сайёра ҳастанд.

        Дар шароити кунуни, ки мо дар робита ба нақшаҳои разилонаи аъзои ТТЭ ҲНИ иқдомоти ҷавобиро роҳандозӣ намуда, дар иттиҳоду ҳамбастагӣ ҳадафҳои нопоки онҳоро фош намоем. Зимнан, бо назардошти дарки моҳияти зуҳуроти нангини ифротгароӣ зарур аст, дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат эҳсоси баланди худшиносиву ватандўстӣ, ахлоқу ҳамидаи инсонӣ, сабру таҳамул ва ба даст овардани касбу ҳунарҳои муосиру риояи волоияти қонунро тарбия намоем.

Дар доираи сиёсати созандаи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалии Раҳмон фаъолияти ҳамарўзаи худро баҳри таҳкими Истиқлолияти давлати, пойдории ваҳдати миллӣ, муборизаи беамон алайҳи ҳамагуна зуҳуроти номатлуб, аз қабили терроризму экстризм, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнўъ, хуруфотпарастиву таассуби динӣ ва фарҳанги бегона равона месозанд. Имрўзҳо ҷавонон, волидайни онҳо ва умуман, миллати тоҷик аз кирдорҳои пасипардагии онҳо огоҳ шуданд ва дигар ҳама, ки фирифтаи чунин амалиётҳои ҳангомаҷўёнаи онҳо нагарданд.

Дар интиҳо мо устодони кафедра ин амалҳои даҳшатбори наҳзатиёни лаинро маҳкум намуда, чунин баҳодиҳи менамоем, ки танҳо малъунон қодиранд ба чунин даҳшат ва хиёнат.

Омўзгорон бояд дар ин самт чораандешӣ намоянд, ки меъёрҳои маънавию ахлоқии тарбияро  бо воситаи усулҳои ибратомўз, дар оила, муассисаҳо ва ҷомеъа татбиқ намоянд. Ба рафтори махсусан донишҷўёни душвортарбия аҳамият дод, ки аз шомилшави ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб пешгири намоем.

Ёқубов С

мудири кафедраи сохтмон ва

корҳои маркшейдерӣ