Дар ҳама давру замон дар ҳар як асру даҳа падидаҳо ва рӯйдодҳои нав саҳифаи таърихро бо хотироти манфиву мусбӣ пур месозанд ва албатта ҳар як падидаву рӯйдод боқимондаву мероси худро дорад, ки то дер аз ёдҳо зудуда намегардад. Таърихи ҳар як халқу давлат ҳам ҳамин гуна ба худ хотираҳо аз рӯйдоду зуҳури падидаҳоро дорад…
Агар дар асри 20 ҷаҳониён бо зуҳури босуръати идеологияи комунистӣ мувоҷеҳ шуда бошанд, дертар инро ҳам падида ва ё худ раванди ҷаҳонишавӣ ба сафҳаи таърих фиристод ва махсусан 15 давлати комунистии Иттиҳоди шӯравӣ дар як муддати кӯтоҳ аз идеологияи ҳамон давр озод шуданд ва дар ҳудуди худ нафаси тоза кашиданд. Албатта, ин он қадаре, ки имрӯз мегӯем ба осонӣ ин гуна ба даст наомадааст ва он ҳадде, ки тасвир мешавад ин гуна ҳам нест. Махсусан барои миллати тоҷик, ки аз низоми шӯравӣ озод шуд ва яку якбора гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ гардид, ки ин ҳам як раванди мушкили ҳамон давр буд ва осораш то ба имрӯз боқӣ мондааст.
Яке аз падидаҳое, ки ҳамон давр ҳамчун балои наҳс дар кишвар пайдо шуда буд, ин ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ буд, ки бо идеологияи сохтаи исломӣ ва сармоягузории хоҷагони хориҷӣ амал мекард ва бо манфиатҳову ҳадафҳои бардурӯғ ва идеологияи ба ном исломӣ ва дар асл террористиву хоинӣ мардумро гумроҳ кард.
Аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба хотири гумроҳ кардани миллат ва пора-пора намудани кишвар бо табъу завқи баланд кӯшиш ба харҷ дода, бо ваҷоҳату шуҷоати дучанд нисбат ба миллат хиёнатро раво дида, халқро гумроҳ сохтанд ва ба думболи худ кашиданд.
Аммо аз сабаби каммаълумотиву надонистани чеҳраи воқеии наҳзатиён ба идеологияи сохта ва авбошонаи ин хоинон халқ бовар намуда, сарнавишти худро зери заҳмату ғурбат қарор доданд ва инак чандин сол зарур омад, ки ин иштибоҳ ва азоби виҷдон бо талафоти зиёд миллати тоҷик паси сар намояд.
Албатта, наҳзатиёни малъун ҳарчанд натавонистанд ба ҳамаи нақшаҳои сиёҳи худ бирасанд, аммо тавонистанд, ки зиёда аз 150 ҳазор нафарро қурбон созанд ва зиёда аз 100 ҳазор нафарро гуреза созанду даҳҳо миллиард доллар зарари иқтисодӣ ба кишвар расонанд, ки ин ҳам барои ҷумҳурии тозаистиқлоли мо хеле гарон афтод.
Вале, ҳамакнун наҳзатиёни малъун ба ҳамаи ин масъала таваҷҷуҳ нанамуда, мехоҳанд дубора кишварро аз нав мисли солҳои 90-ум пора-пора кунанд ва ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд, ки миллат бояд ба ин таҷовузи наҳзатиён иҷозат надиҳад. Зеро ҳамагон хуб медонем, ки наҳзатиёни малъун манфиати хоҷагони хориҷияшонро аз ҳама арзишҳо боло медонанд ва агар лозим шавад барои хоҷагони хориҷияшон зану фарзандашонро ҳам ҳадя мекунанд.
Барои ҳамин ҳам беҳуда Роҳбари давлат нагуфтаанд, ки “Террорист, миллат, ватан ва мазҳаб надорад” ва ин албатта ҷумлаи илман исботшудаву санҷидашудаст. Дар ин масъала метавон ҳамин наҳзатиёни палидро мисол овард, ки солҳои 90-уми асри гузашта ба хотири пулу мол Ватан ва миллати худро ба инобат нагирифта, ба ҳаммилати худ хиёнат намуданд ва кишварро ба коми оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд.
Ва ҳамчунин маротибаи дуюм соли 2015 бо истифода аз генерали нолоиқ ва шарми артиш Ҳоҷи Ҳалим нақшаи ба тариқи зӯран ғасб намудани давлатро намуда, ба чандин минтақа ҳамла намуданд ва хушбахтона, пеши роҳи ин ҳамлҳои террористӣ аз ҷониби мақомот гирифта шуду, гурӯҳи ҷангиёни Ҳоҷи Ҳалим, ки бевосита аз ҷониби роҳбари ТТЭ ҲНИ М. Кабирии террорист идора карда мешуд, безарар гардонида шуд.
Албатта дар ҳамин гурӯҳи Ҳоҷи Ҳалим ҳам бо сармояи бузург ҷангиён аз кишварҳои хориҷӣ даъват шуда буданд ва нияти нопоки ғасби ҳокимият ва вайрон намудани ҳолати конститутсиониро доштанд, ки бо талошҳои мақомот ва сарбозони далери Ватан безарар гардонида шуданд.
Суоле ин ҷо сар мезанад, ки Ҳоҷи Ҳалим ин қадар ҷангиёнро аз куҷо пайдо кард, агар маблағ намедошт?
Ба иттилои баъзе коршиносон роҳбари ТТЭ ҲНИ Кабирии палид чанд миллион доллари нақдро ба дасти Ҳоҷи Ҳалим супоридааст, то террористни ҳампаймонашро ба ин ҷанги ташкилнамудааш ширкат варзанд ва хушбахтона пеши роҳи ин авбошон ва хоинони миллат гирифта шуду кишвар аз нақшаи манфуронаи наҳзатиёни террорист озод карда шуд.
Ва пас аз ин ҳодиса роҳбари ТТЭ ҲНИ Кабирии палиду разил бо ҷамъе аз аъзоёни манфураш ба хориҷи кишвар фирор намуда, дар чанд кишвари аврупоӣ мустақар гардидаанд ва аз ҳамон ҷо истода ҳар рӯз бар алайҳи миллати тоҷик матлабҳои тӯҳматбарангезро нашр менамоянд. Ҳамчунин баҳри дар арсаи байналмилалӣ паст намудани мақоми кишвар матлабҳои иғвобарангез ва бардурӯғро дар расонаҳояшон нашр менамоянд, ки хиёнати рӯирости наҳзатиёни малъун аст. Албатта, барои ин корҳо ба ин наҳзатиёни малъун хадамоти махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон маблағ ҷудо менамояд ва ҳаққи талошҳои душманонаашонро бар зидди миллат мепардозад.
Раҳимов Ҳ.Ҳ
лаборанти кафедраи коркарди
конҳои канданиҳои фоиданоки ДКМТ