Ҳарчанд имрӯзҳо хиёнаткорон ва авбошони ТЭТ ҲНИ дар Аврупо қарор гирифта бошанд ҳам, аммо ҳаргиз дил аз ҷинояту дасисабози накандаанд. Онҳо даврони ҷинояткории худро ёд намуда, гоҳо дар Германия миёни муҳоҷирони қавмҳои дигар ҷангҷол бармеангезанд ва гоҳо дар ин ҷангҷолҳову хархашаҳо номи муҳоҷирони оддӣ сари забонҳо меравад, аммо авбошон ва дасисабозону ҷинояткорони ҳақиқӣ пинҳон мемонанд. Зеро ин тоифаи палид ва ифротӣ барои ин кор мактаби махсусро гузаштаанд ва медонанд, ки чи тавр бегуноҳеро ба даҳони наҳанг партоянд.
Аз таҷрибаи ҷиноятиву хиёнатҳои аъзоёни ТЭТ ҲНИ зиёд мисолҳоро овардан мумкин аст, аммо фақат кофист, ки ҳамин чанд хиёнати охири Кабириро ёдрас шавем. Шояд аксариятҳо бовар накунанд, ки Кабирӣ барои хоҷагонаш кор мекунад ва имрӯз ошкоро аз хоҷагони худ ҳимоят ҳам мекунад. Дар баромади охири худ, изҳор намуд, ки давлати Тоҷикистон бояд ба хати дигар гузарад. Оё ин тавтеа ва хиёнаткорӣ нест?
Ҳамчунин Кабирии палид арз кард, ки ҳоло мо бояд ба хати форсӣ баргардем. Оё ин ҳам идомаи ҳамон хиёнаткориву ҳимоя аз охундҳо нест?
Ин бор Кабирии ғуломтабиат ба хотири нафси бадаш ошкоро аз хоҷагони хориҷияш ҳимоят карда, ба тарафи онҳо гузаштани мардумро тақозо намуд, ки хаёли хому андешаи пуч аст. Охир ин Кабирии ифротӣ намедонад, ки мардум аллакай аз найрангҳои ӯ огоҳанд ва медонанд, ки ӯ барои кадом хоҷаҳо кор мекунад ва барои кадом амалҳояш пул мегирад?!
Хиёнатҳои роҳбари ТЭТ ҲНИ ва аъзоёнашро агар ҳисоб кунем китоб, китоб пур мешавад, аммо чи илоҷ, ки ин хиёнаткор ва инсони пастфитрат барои пул ҳуввияти худро фурӯхту аз баҳри ҳама арзишҳо гузашт. Зеро муҳаббати Кабирӣ ба хоҷагони хориҷияш амсоли саге кӯчаест, ки хоҷа ҳар замон ба вай устухон мепартояд. Аммо дар мисоли ин наҳзатиёни разилу касиф ва бешарафу беор ин гуна ҳарфҳо фоидае надорад, зеро онҳо худ интизори устухонанд, мисли ҳамин саг.
А. Олимов
омӯзгори ДКМТ