Нахуст гурӯҳҳои террористии ТЭТ ҲНИ дар хориҷи кишвар қабл аз сафари Пешвои муаззами миллат ба Аврупо ҳангомасозӣ намуда, хостанд мардумро гумроҳ кунанд ва ҳар қадаре, ки метавонистанд ахбори бардурӯғро нашр намуданд. Аммо ба мақсади нопоки худ нарасиданд ва ҳоло бошад, Роҳбари давлат, ки дар Аврупо қарор доранд аз он мисолҳои гуногун ба ҳайати ҳукумати кишвар буҳтон мезананд.
Бояд ёдрас шавем, ки ҳар як роҳбар ва ҳайати хидматӣ дар доираи барномаи муайян сафар менамояд ва аз рӯйи вақти муайян амал мекунад ва берун аз ҷадвал амал намудан, имкон надорад. Тавре, ки медонем Пешвои муаззами миллат феълан дар Аврупо ҳастанд ва бо ҳайатҳои баландпояи Конфедератсияи Швейтсария мулоқот намуданд ва аллакай аз ҷараёни ин сафар ва мулоқот бо намояндагони доираҳои гуногуни ин кишвар дар расонаҳои давлатӣ ва хусусӣ нашр гардид. Лек хоинони наҳзатӣ бо нашри матлаби бардурӯғ дар сомони худ, мардумро гумроҳ кардани ҳастанд, ки доир ба сафар ягон маълумот надоранд.
Дурӯғи рӯирости ин тоифаи бадкеш ва найрангбозони мазҳабӣ инсонро дар тааҷҷуб меорад, ки ин хоинон худро замоне намояндаи ТЭТ ҲНИ, яъне ҳизби исломӣ гирифта, ҳатто дигаронро ба даҳон кушодан иҷозат намедоданд, аммо имрӯз чӣ шудааст, ки онҳо пай дар пай дурӯғ мегӯянд? Ё хоҷагони хориҷияшон фармон доданд, ки наҳзатиёни палид дигар аз риояи дину ахлоқ ҳам баромаданд?
Албатта, ин нишон аз буҳрон ва ҳолати равонии ин тоифаи бадкеш мебошад. Зеро наҳзатиёни шағолпеша пас аз шикастҳои зиёд, дигар намедонанд, ки худро ба куҷо зананд? Онҳо ҳарчанд ҳама супориши хоҷаашонро ба ҷо оварданд, аммо мурод ҳосил нашуду шикаст хӯрданд ва ин шикасти наҳзатиёни касиф ва хоин ба хоҷаи хориҷияшон хуш наомад. Аз ин лиҳоз, онҳо ҳар рӯз бо нашри ахбори бардурӯғ ва буҳтономез худро қонеъ гардониданӣ мешаванд. Ҳамагон хуб медонанж, ки ҳамаи ин амалҳо ва рафтори разилонаву аҳримании аъзоёни ТЭТ ҲНИ ба хотири гумроҳ намудани мардум аст ва ҳамин ҷо маълум мешавад, ки ин тоифаи беаслу насаб барои расидан ба мақсад, ҳатто аз дин ҳам рӯ гардонида хилофи гуфтаҳои ислом рафтор менамоянд, ки гувоҳ аз зархарид ва хиёнатпешагии ин наҳзатиёни палид аст.
Намедонам, чи гуна ин масъаларо шарҳ бидиҳам, аммо чанд ҷинояткор ва авбошу собиқаи террористӣ дошта ва бо мафкураи пасту разилона шаҳрванди Тоҷикистон ҳам буда наметавонад ва талаби намояндаи миллати тоҷик будан ҳам бояд накунад. Зеро мо хуб медонем, ки аъзоёни ТЭТ ҲНИ барои гумроҳ сохатни миллат чӣ корҳое накарданд? Чӣ хиёнатҳоеро анҷом надоданд ва ҳоло мехоҳанд худро намояндаи миллате ҳисобанд, ки бар сараш ҳамеша зулм овардаанд ва кишварашро ба хоку хун кашидаанд?!
Оё миллати тоҷик метавонад ин ҳолати масхарабозиро таҳаммул кунад?
Наҳзатиёни палид андеша намекунанд, ки миллат ба онҳо чӣ ҷавоб хоҳад гуфт?
Ҳоло наҳзатиёни хирасар ва террорист талаб намудаанд, ки бо Пешвои муаззами миллат мехоҳанд вохӯрӣ анҷом диҳанду лек Роҳбари давлатро пайдо намекунанд. О кадом роҳбари давлат ва кадом инсони поквиҷдон бо гурӯҳи террористон мулоқот мекунад?
Як тӯда авбош ва террористони хиёнаткори аз ҷавобгари фирор карда метавонанд, намояндаи миллат бошанду арзандаи мулоқот?
Боз ҳам мегӯям, ки ин наҳзатиёни террорист ва касиф дар ҳолати вазнини психологӣ қарор доранд ва ба табиб ниёз доранд. Аъзоёни ТЭТ ҲНИ аз ҳолати одамӣ ба ҳолати ақлбохтагӣ гузаштаанд, ки оқибаташ ҳамин ҳол аст.
Ба ҷойи ин гуна нашри матлабҳои бардурӯғ ва иғвобарангез беҳтар мебуд, ки Кабирии палид ва пайравонаш аз ташхиси табиб бигузаранд ва табобат гиранд.
Облоқулов Воҳид
омӯзгори ДКМТ