НАҲЗАТИЁНИ ТЕРРОРИСТ МАҚСАДАШОН ХИЁНАТ АСТУ БАС

Воқеият ҳамин гуна ба назар мерасад, ки аксарияти хориҷиёни ба ном тоҷик ва дар асл террористу ифротгаро аслан нияти нек дар дил надоранд ва мақсаду маромашон ҳам хиёнат бар миллату давлати миллии мо  мебошад. Чунки имрӯз Тоҷикистон ба як кишвари ободу  ором ва осудаву босуботу рушкарда  табдил ёфтааст ва ин рушду тараққиёт барои миллати тоҷик пешгӯинашаванда мебошаду мамлакати мо дар як муддати хеле кӯтоҳ ба чунин муваффақиятҳо даст ёфт. Аммо имрӯз иддае аз ифротиёни наҳзатӣ, ки бо сабабҳои гуногун аз ҷавобгарии ҷиноятӣ фирор намуда ба хориҷа гурехтаанд,  бештар кӯшиш мекунанд, то ҳамин муваффақиятҳои моро нодида гирифта, мардумро бо супориши хоҷагони хориҷияшон гумроҳ созанд. Аслан иддае бузурге аз душманони миллати тоҷикро аъзоёни ТТЭ ҲНИ ташкил медиҳанд, ки бо сармоягузории хоҷагони хориҷияшон ҳоло дар кишварҳои аврупоӣ бар зидди тоҷикон мубориза мебаранду мақсадашон коҳиш додани обрӯйи миллат дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад, ки ин хиёнат аст.

Ҳарчанд маълум аст, ки аксарияти наҳзатиёни чапаргӯш ва хоину малъун саводи казоӣ надоранду ҳама он маводи хоҷагони хориҷияшон фиристодаро бар зидди миллат   истифода мекунанд, то ҷомеаро бо роҳи фиреб ба гумроҳӣ баранд. Аслан,  наҳзатиёни хоин ва душманнасақ барои фиреб додани ҷомеа ва гумроҳ намудани мардум солҳои 90-ум бо истифода аз номи дин ҷомеаро ба гумроҳӣ кашида, кишварро ба коми ҷанги шаҳрвандӣ тела доданд, ки миллати тоҷик аз ин зарару зиёне бисёре дид. Кишвари тозасоҳибистиқлол он замон аз дасти наҳзатиёни малъун ба даҳсолаҳо аз рушд ақиб монд ва миллат умедро аз даст дод, ки ин хиёнати бузурги наҳзатиёни хоин бар миллати тоҷик мебошад, ки ҳазорсолаҳо шояд аз ёдҳо наравад.

Хушбахтона, бо талошу кӯшишҳои Сарвари муаззами давлатамон имрӯз кишвари мо дар як муддати кӯтоҳ рушд кард ва ҳоло Тоҷикистон аз 10 кишвари амнтарину оромтарин дар сайёра маҳсуб меёбад, ки ин муваффақияти бузурги мо соҳибватанон мебошад.

Лек наҳзатиёни террорист ва ҳуввиятбохта бештар мехоҳанд, ки рушди ҳамин муваффақиятҳоро боз доранд, то  тоҷикистониён дар арсаи байналмиллалӣ ба муваффақият нарасанд. Ин аст, мақсади душманони миллати тоҷик, ки наҳзатиёни малъун онро амалӣ кардан мехоҳанду ҳамарӯза ахбори бардурӯғ бофта, кӯшиш менамоянд, то бо дасисаву иғво ҷомеаро ба гумроҳӣ баранд, ки ин хиёнати маҳз мебошад.

Аз ин рӯ, ҳар як насли ҷавони тоҷикро зарур аст, то таърихи миллати тоҷикро хуб омӯзад ва зиракии сиёсии хешро аз даст надиҳад, чунки аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо ҳар роҳу васила бо ҳиллаву найранг кӯшиш мекунанд, ба боварии мардум даромада онҳоро гумроҳ гардонанду мақсадҳои нопоки худро амалӣ намоянд.

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон