НАҲЗАТИЁНИ ТЕРРОРИСТ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ МЕБОШАНД!

Мехоҳам,  дар ҳошияи дасисабозиву иғвобарангезиҳои душманони миллати тоҷик, нафарони зархариди наҳзатӣ, ки ҳам аз дину ҳам аз шариат истифода мекунанду ҷомеаро фиреб дод ва ҳамчунин дар пайи ин рӯзҳо дар зиндагии мо чӣ мегузарад, чанд ишорае ин ҷо бинависам.

Чаро имрӯз ифротгароён барои пешрафти ҷомеа халал ворид месозанд?

Чаро душманони миллати тоҷик саодати миллатро намехоҳанд?

Аъзоёни ТТЭ ҲНИ чаро имрӯз барои аз байн бурдани имкониятҳои рушди ҷомеа талош мекунанд?

Чаро аъзоёни ТТЭ ҲНИ  ҷанги шаҳрвандиро ташкил карданду кишварро ба даҳсолаҳо ақибмонда сохтанд?

Оё имрӯз касе метавонад, зиёну зарари расонидаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ-ро бар миллат ҷуброн кунад?

Мутаассифона, ҳоло ҳам аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа ва фиреб додани мардум ба хотири қонеъ сохтани мақсадҳои хоҷагони хориҷияшон, ки душманони миллати тоҷиканд, ба хотири фиреб додани ҷомеа дасисабозӣ мекунанд, иғвобарангезӣ мекунанд, ки ин хиёнати ошкоро мебошад. Зеро ягон миллат ба ин ҳад ифротиёни  зархарид надоштааст, ки дар солҳои навадум тир ба синаи ҳамватани худ зада бошад. Сад дареғ аз фалсафаву фарҳанги ғании тоҷикон, ки имрӯз онро аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва дигар ҷавонони бефарҳанг нодида мегиранд.  Ҳоло бо чаҳон тангаи хоҷаи хориҷияшон наҳзатиёни хоин иғвобарангезӣ мекунанд, то миллатро аз роҳ бизананд ва дар ҳолати шахшудан нигоҳ доранд, ки ин хиёнати маҳз ва душмании рӯирост мебошад.

Мо, имрӯз наметавонем он ҳама хиёнат ва разолати наҳзатиён ва дигар гурӯҳҳои террористии ҳампаймони наҳзатиёнро бибахшем ва нодида гирем, зеро имрӯз ҳар мушкиле дорем, ин мушкили сохтаи душманони миллати тоҷик аст, ки бо дасти ҳамин наҳзатиён роҳандозӣ карданд. Имрӯз агар ятиме дар кӯча аст ва ё зане бешавҳар мондааст, ин аз дасти ҷинояту номардии наҳзатиёни террорист ва хоин шудааст, агар имрӯз дар хонадоне касе муҳоҷир шудааст, ин натиҷаи ҳамон ҷанги шаҳрвандии ташкилнамудаи наҳзатиён аст, ки иқтисодиёти кишварро суст намуда буданд.

Агар нафаре, имрӯз аз пешрафти кишвар норозист , бемуҳоббо ӯ душман аст, душмани миллат ва Ватан! Имрӯз агар касе аз ин пешрафтҳо ношукрӣ мекунад, ин номардист! Шукр, бояд намуд, ки ҳамин рӯзро ҳам дорем ва шукр бояд кард, ки ҳамин лаҳзаҳо дар фазои сулҳу салоҳ зиндагӣ мекунем.

Шукр, ки хатои дирӯзиёнро дарк намудем ва имрӯз дигар фирефтаи душманони амсоли наҳзатиёни зархарид намегардем. Шукр, ки мо фурсатро ғанимат мешуморем ва ба ҳамин рӯз ҳам расидем. Як чизро бояд илова намоем, ки агар пеши роҳи наҳзатиёни хоин ва террорист гирифта намешуд, имрӯз кишвари мо Афғонистони дуюм буд, ки ин дигар чӣ рӯзе барои миллат хоҳад буд, ҷомеа худ мефаҳмад.

Аз, ин лиҳоз фирефтаи хоинонии фирории наҳзатии хоин гардидан, ин ношукрӣ ва номардиву нодидани воқеият мебошад. Касе имрӯз миллат ва пешрафти тоҷикро интиқод мекунад, ӯ одам нест, балки номарде дар либоси одамисту халос. Зеро он чӣ имрӯз мо дорем, ҳамин ҳам шукр бояд гуфт ва барои беҳтар шуданаш фақат ақлҳоро бояд кор бурд, илмҳои соҳаи лозимиро, ки барои иқтисодиёти мо зарур аст,  омӯхт ва барои пешрафти кишвар саҳм гузошт.

М. Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ