Кабирии малъуну палид ба хотири гумроҳ кардани миллат ва сарсону саргардон кардани миллат ва ҷомеаи кишвар имрӯзҳо дар хориҷи кишвар истода, ҳар рӯз як матлаби иғвобарангез ва фитнаангезро ба нашр мерасонанд. Ҳоло бошад аз вазъияти ҷаҳонӣ истифода намуда, мехоҳанд, ки мардумро ба таҳлука андохта, ҷомеаро ба сарсониву гумроҳӣ баранд.
Аслан пас аз оне, ки вазъият дар Чин ба ҳолати изтирорӣ афтод, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба хотири он ки сокинон аз ин беморӣ осеб набинанд, тамоми чораҳоро андешид ва ситоди умумиҷумҳуриявиро таҳти роҳбарии сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъсис дод ва барои пешгирӣ аз ин беморӣ тамоми чораҳо андешида шудааст.
Ҳоло бошад, хоинони наҳзатӣ таҳти номи сохтаи ташкилоти террористии нави худ ПМТ чанд машваратҳоро ба мардум пешниҳод кардааст, ки аз ҷумла омадааст:
- Ба таври ҳамагонӣ ва бепул ба кишвар овардани ҳама шаҳрвандони Точикистон, ки дар хориҷ мондаанд ва нияти бозгашт ба ватанд доранд.
Нахуст бояд ин малъунон ва террористони бадкеш биандешанд, ки агар тамоми шаҳрвандони дар кишварҳои ин вирус пайдо зада, баргарданд, метавонанд онҳо низ ин вирусро бо худ оваранд ва кулли ҷомеаро гирифтори ин вируси нав созанд. Ва метавон ин пешниҳоди якуми наҳзатиёни палиду оқипадарро аблаҳона номид.
Ҳамчунин ба хотири он ки ин бадкешони наҳзатӣ мардумро воҳимазада кунанду дар ниҳоди онҳо тарсу ҳарос пайдо созанд, ин гуна матлабҳоро нашр мекунанд, ки ба дарди касе намехӯрад. Зеро Ҳукумати кишвар хеле барвақт ба ин масъала расидагӣ намуда буду чораҳои фаврӣ андешида шуда буд.
Яъне масъала хеле ҷиддӣ зери назорати роҳбарияти кишвар қарор дорад ва мардум метавонанд бе ягон мушкилӣ орому осуда зиндагӣ кунанд.
Пешниҳоди дуюми ин палиди наҳзатӣ чунин аст:
- Дар биноҳои васеътар ва муносиб бо шароити беҳтар ҷой кардани ҳама касоне, ки ба карантин фаро гирифта мешаванд.
Ҳамаи онҳое, ки дар карантин фаро гирифта шудаанд дар биноҳои хеле хубу замонавӣ ва бо шароити замон мутобиқ қарор доранд ва ҳамаи шароитҳо ба онҳо муҳайё карда шудааст, ки наҳзатиёни малъун метавонанд, тамоман дар ин масъала нигарон набошанд.
Зеро аслан худи ҳамин наҳзатиёни малъун кӣ ҳастанд, ки ба ин масъала таваҷҷуҳ мекунанд ва тавсия дод???
Террористони наҳзатӣ набояд фаромӯш кунанд, ки онҳо душмани ин миллат ҳастанд ва хиёнатҳои кардаашон ба ин миллат то ба ҳол фаромӯш нашудааст ва ҳаргиз миллат фирефтаи суханони ин бадкешон нахоҳад шуд.
Н.Саидов
Омӯзгори ДКМТ