КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ
БАХШИДА БА ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ – САНОАТИКУНОНИИ КИШВАР
БО ТАШАББУСИ КАФЕДРАҲОИ ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ-ИҶТИМОӢ, ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ
«Нақши Фанҳои Ҷомеашиносӣ Дар Рушди Саноати Кӯҳкорӣ»
Тавре маълум аст, 26-декабри соли 2018 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ барои самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишвар ироа гардид. Нахуст Пешвои муаззами миллат оид ба рӯйдодҳои муҳиму хотирмон ва таърихии соли 2018 аз ҷумла, ифтитоҳи чархи якуми Нерӯгоҳи барқии обии Роғун ва барқарорсозии муносибатҳои неку дӯстона бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ибрози назар намуданд.
Ҳамзамон, дар Паём дарҷ гардид, ки дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 то 17,3 фоиз афзоиш ёфт. Дар робита ба ин ва бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ Пешвои миллат, саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд. Вобаста ба ин, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки то соли 2030 соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонида шавад. Нуқтае дигаре, ки Пешвои миллат оид ба саноатикунонии мамлакат таъкид намуданд, ин масъалаи коркарди ашёи хом ва то ба маҳсулоти ниҳоӣ ва содиршаванда табдил додани он мебошад.
Бояд зикр намуд, ки яке аз ҳадафҳои асосии саноатикунонии мамлакат ин аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Воқеан ҳам, бе саноатикунонии мамлакат ба кишвари саноатӣ ва транзитӣ табдил додани ҷумҳуриамон имконпазир аст.
Вобаста ба масъалаи саноатикунонии мамлакат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурӣ изҳори назар намуда, қайд намуданд лозим аст, ки мазмуну моҳияти саноатикунонии мамлакат ҳаллу фасли масъалаҳои зеринро тақозо менамояд:
- Бунёду ба кор андохтани корхонаҳои нави саноатӣ.
- Таҷдиду азнавсозии корхонаҳои саноатии амалкунанда.
- Фароҳам овардани заминаю шароитҳои мусоид ҷиҳати давра ба давра бунёд намудани корхонаҳои саноати вазнин, ки ба рушди иқтисодӣ ва мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии мамлакат мусоидат менамоянд.
- Аз коркарди ашёи хом то ба истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии содиротшаванда мутобиқ намудани фаъолияти корхонаҳои саноатии амалкунанда ва бунёдшаванда.
- Ҷорӣ намудани навгониҳо, ихтироотҳои технологияҳои инноватсионӣ ба ҳам пайвастани илм ва истеҳсолот дар корхонаҳои саноатӣ.
- Ҷалби сармояи хориҷӣ, рушд додани соҳибкорӣ дар раванди саноатикунонӣ.
- Тайёр намудани мутахассисони баландпояи ватанӣ барои тамоми соҳаҳои саноат, алалхусус, барои соҳаҳои саноати вазнин ва сабуки хоҷагии халқ.
Мавриди зикр аст, ки яке аз омилҳои асосии рушди саноат тавре ки дар боло қайд гардид ин тайёр намудани мутахассисони баландпояи ватанӣ мебошад. Тавре ки маълум аст, соҳаҳои саноати куҳӣ, металлургия, нафту газ ва энергетика аз соҳаҳои афзалиятнок, даромадноку фоидаовари хоҷагии халқ ва иқтисодиёти кишвар маҳсуб меёбанд.
Аз ин хотир, барои таъмин намудани рушди босуботи ин соҳаҳои саноат саҳми мутахассисон ва муҳандисони соҳавӣ басо муҳим мебошад. Бинобар ин бо назардошти ин масъала ҳанӯз соли 2006 бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Донишкадаи куҳӣ- металлургии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар муддати кутоҳ пояҳои моддию таълимии донишкада устувор гардида, айни ҳол донишкада аз рӯи 19 ихтисос барои соҳаҳои саноати куҳӣ-металлургӣ, нафту газ, геология, иқтисодиёт ва экологияи соҳа инчунин, энергетика мутахассисони баландпояи ватаниро омода менамояд. Айни замон 3142 нафар хатмкардагони донишкада дар корхонаҳои соҳавӣ кору фаъолият намуда истодаанд.
Дар давраи панҷ соли охир тавассути бунёду таъмири иншоотҳои таълимӣ, ташхисгоҳу озмоишгоҳҳо пояҳои моддӣ-таълимии донишкада боз ҳам мустаҳкам гардида, барои тайёр намудани мутахассисони болаёқат тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.
Донишкада бо 70 корхонаҳои соҳавӣ-саноатӣ ва 39 муасиссаҳои олии касбии хориҷи дуру наздик ҳамкориҳои гуногунҷабҳаро роҳандозӣ намудааст. Аз ҷумла, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат эълон гардидани солҳои 2019- 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо ҳадафи чорӯми стратегии Ҳукумат саноатикунонӣ иртиботи ҷудонашаванда дорад. Зеро рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба пешрафти ҳамаи соҳаҳои саноат вобастагӣ дорад. Танҳо кишвари аз лиҳози саноатӣ пешрафта имконият дорад, ки симои деҳотро давра ба давра дигаргун сохта, барои зиндагии шоистаи мардуми деҳот шароитҳои мусоидро фароҳам оварад. Зеро бе рушди соҳаи саноату иқтисодиёт дар деҳот бунёд намудани муассисаҳои фарҳангӣ, варзишӣ, тандурустӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ғайриимкон аст. Хусусан, барои ҷумҳурии мо, ки зиёда аз 70 фоизи аҳолӣ дар деҳот зиндагонӣ мекунанд, рушд додани деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ басо аҳамияти муҳим дорад. Зеро имрӯз ҳатто дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон аз он ҷумла, Федератсия Россия қисмати зиёди ҷавонон деҳотро тарк намуда, раванди кӯчиши аҳолӣ ба шаҳрҳо рӯ ба афзоиш овардааст ва дар деҳот танҳо нафақахӯрону пирон боқӣ монданд, ки сабаби асосии ин раванд рушд наёфтани инфрасохтори деҳот мебошад.
Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон баҳри татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурӣ – саноатикунонӣ тамоми ҷидду ҷаҳди худро равона намуда дастури Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Аз мутахассиси болаёқат – рушд ёбад саноат» – ро ба роҳбарӣ гирифта дар амалисозии ин ҳадафи муҳими миллии Ҳукумати Ҷумҳурӣ саҳми арзанда мегузорад.
Аз ин лиҳоз, баргузории конфронс дар мавзӯи «Нақши фанҳои ҷомеашиносӣ дар рушди саноати кӯҳкорӣ» ҳамчун чорабинии илмӣ-амалӣ бахшида ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии кишвар басо бамаврид мебошад.
Албатта, вазифаи ҳар як олим тавассути асарҳои илмӣ дониши ҷавононро ғанӣ гардонидан, ғурури миллии онҳоро бедор сохтан ва дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ асолати миллии мардуми кишвари соҳибистиқлоламон-ро ҳифз кардан аст.
Дар Донишкадаи куҳӣ металлургии Тоҷикистон кафедраи гуманитари-ичтимоӣ ва кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ конфронси илмӣ-амалии таҳти унвони «Нақши фанҳои ҷомеашиносӣ дар рушди саноати кӯҳкорӣ» санаи 18-уми майи соли 2019 бахшида ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии кишвар баргузор гардид. Қабл аз оғози конфронс асарҳо ва дастовардҳои илмиву таълимии устодони кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ ва кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, ҳамчунин асарҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби китобхонаи Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд. Муовини ректор оид ба корҳои таълим Қозиев К.С. конфронсро ҳусни ифтитоҳ бахшида баргузории чунин конфроси илмӣ- амалиро дар самти рушди саноатикунонии кишвар ва омодасозии мутахассисони соҳа муҳим арзёбӣ намуд. Дар қисми кушодашавӣ устодони соҳа дар мавзӯъҳои зерин маърӯза намуданд
- Аминҷонова М.С. (мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷии ДКМТ) «Нақши забони тоҷикӣ дар байни забонҳои олам».
- Раҳимова Ш.К. (Ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоии ДКМТ) «Подготовка кадров горно-рудной промышленности в Таджикистане».
- Валиева М.Н. (Мудири шӯъбаи аспирантураи ДКМТ) «Таърихи тараққиёти истилоҳоти кӯҳӣ дар забони англисӣ».
- Холова Ф.Ф. (ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоии ДКМТ) «Пайдоиш ва инкишофи истеҳсолоти саноатии ҶШС Тоҷикистон дар солҳои то Чанги Бузурги Ватанӣ».
Дар конфронсӣ илмӣ-амалии мазкур 54 мақолаи илмӣ аз 7 мактабҳои олии касбии гунонгуни ҷумҳуриамон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.
Гузаронидани конфронси мазкур пеш аз ҳама барои барқарор ва рушди робитаҳои илмӣ-методӣ ва илмӣ-истеҳсолӣ буда, масъалаҳои мавқеи забон ва истифодаи луғатҳои техникӣ дар технологияи муосир, мавқеи фанҳои ҷомеашиносӣ дар самти санотикунонии кишвар, омодасозии мутахассисогни ҷавон ва омилҳои рушди саноати кӯҳкориро дар ин самт фаро мегирад. Рушди ҷомеаро бе ташаббус ва фаъолияти олимон, ки як нерӯи зеҳнии ҷомеа ҳастанд тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Баъдан дар рафти конфронс маьрузачиён дар ду бахш бо маьрузаҳои худ доир ба самтҳои мухталиф баромад намудаанд.
БАХШИ I. ФАНҲОИ ТЕХНИКӢ
РОҲБАР: н.и.ф., МИРЗОАҲМЕДОВ М.М.
КОТИБ: САИДОВ А.А.
МАКОНИ БАРГУЗОРӢ: ШӮРОИ ОЛИМОН
№ |
Ном ва насаб |
Мавзўъ |
1. |
Абдуллоев И., Саидов А.
|
ГЕОЛОГО-ГЕОГРАФИЧЕСКИЕ И ИСТОРИЧЕСКИЕ ИССЛЕДОВАНИЯ ПОДЗЕМНЫХ БОГАТСТВ ТАДЖИКИСТАНА (КОНЕЦ XIX – 30-Е ГОДЫ XX ВВ). |
2. |
Баромбекова З. С. |
НОВАЯ ИНФОРМАЦИОННАЯ ТЕХНОЛОГИЯ ОБУЧЕНИЯ |
3. |
Буњодуров Ш.Б., Усмонов Ш.Ж. |
НАВОВАРИЮ ИХТИРОЪКОРЇ – АСОСИ САМАРАНОКИИ ТЕХНИКАЮ МОШИНХО |
4. |
Буходуров Ш.Б.
|
ТЕХНОЛОГИЯИ ИННОВАТСИОНИИ БЕПАРТОВЦ ДАР СОХАИ КОРКАРДИ КУХИ ДАР ТОЧИКИСТОН |
5. |
Валиева М.Н. |
ТАЪРИХИ ТАРАҚҚИЁТИ ИСТИЛОҲОТИ КЎҲИ ДАР ЗАБОНИ АНГЛИСӢ |
6. |
Гадоев Б. И.
|
ОСНОВНЫЕ ЭКОЛОГИЧЕСКИЕ ПРОБЛЕМЫ СОГДИЙСКОЙ ОБЛАСТИ |
7. |
Ғанизода С.
|
ТАРКИБИ ОНОМАСИОЛОГИИ УНИВЕРБҲО ВА ҲИССАИ РЕМАТИКӢ |
8. |
Дўсталиев С.Т., Боев М.Б.
|
ОЌИЛОНА ИСТИФОДАБАРИИ МОШИН ВА ДАСТГОЊЊОИ ПАРМАКУНАНДА ДАР САНОАТИ КЎЊЇ ВА СОХТМОНИ НБО |
9. |
Дўсталиев С.Т., Кенљаев Ш.А. |
ФАЗОИ ИСТИФОДАБАРИИ ЭКСКАВАТОРЊОИ ЯККАФЛЕЗАИ ЊАМАКОРА ДАР БУНЁДИ НБО |
10. |
Дўсталиев С.Т. |
САЊМИ МОШИНЊОИ НАМУДИ ДЗ ВА ТО ДАР САНОАТИКУНОНИИ КИШВАР |
11. |
Махмудова С.С., Хомидова Р.В. |
ЗАЩИТА РАБОЧИХ ПОВЕРХНОСТЕЙ ГОРНЫХ МАШИН ОТ ИЗНОСА |
12. |
Мирзоаҳмедов М.М. |
АЗ ИСТИКЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ БА САНОАТИКУНОНИИ КИШВАР |
13. |
Муқимӣ А. Усмонов Ш.З. |
РОҲҲОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ ДАР БИНОҲО ВА ИНШООТҲО |
14. |
М. Давлатов., Холова Ф. |
ПАЙДОИШ ВА ИНКИШОФИ ИСТЕҲСОЛОТИ САНОАТИИ ҶШС ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛҲОИ ТО ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ |
15. |
Мухамаджон Н., Мавлонов М., Мухамадиев А.Н. |
ТЕХНОГЕННЫЕ МЕСТОРОЖДЕНИЯ МИНЕРАЛЬНОГО СЫРЬЯ |
16. |
Мухамаджон Н., Мавлонов М. |
ЭКОЛОГИЗАЦИЯ ГОРНОДОБЫВАЮЩЕГО СЕКТОРА |
17. |
Мухамаджон Н., Мавлонов М |
МИНЕРАЛЬНО-СЫРЬЕВЫЕ РЕСУРСЫ |
18. |
Назаров Б. |
САРВАТҲОИ ТАБИИ ҶАҲОН ВА РОҲҲОИ САРФАКОРОНА ИСТИФОДА БУРДАНИ ОНҲО |
19. |
Орифов З.М., Мирзоаҳмедов М.М. |
РУШДИ САНОАТИ НАФТУ ГАЗ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ |
20. |
Раҳимова Ш.К., Давлатов М. |
ВОЗНИКНОВЕНИЕ ГОРНОРУДНЫХ ГРАДООБРАЗУЮЩИХ ПРЕДПРИЯТИЙ. |
21. |
Рахимова Ш.К., Давлатов М. |
ПОДГОТОВКА КАДРОВ ГОРНОРУДНОЙ ПРОМЫШЛЕННОСТИ В ТАДЖИКИСТАНЕ |
22. |
Саидов А.А., 2Гадоев Б. И. |
ЭКОЛОГИЧЕСКАЯ БЕЗОПАСНОСТЬ КАК СТРУКТУРНЫЙ ЭЛЕМЕНТ УСТОЙЧИВОГО РАЗВИТИЯ |
23. |
Сидиков Н., Умарджонов А., Джумаев А. |
ПРОГРАММНО-ЦЕЛЕВОГО УПРАВЛЕНИЯ ПРОЦЕССОМ СОЗДАНИЯ НОВОЙ ТЕХНИКИ В ГОРНОЙ ПРОМЫШЛЕННОСТИ |
24. |
Усмонов У.О. |
ПОКРЫТИЕ ПАВ ДЛЯ ТРУБОПРОВОДОВ И ДЕТАЛЕЙ ЭНЕРГОБЛОКОВ ГЭС |
25. |
Умарҷонов А.А., Хӯҷамов С.С. Њочибоев Д. Д. |
ПОРАКУНАКИ РӮЯВӢ БО ПОРАКУНИИ ДУМАРОТИБАГӢ
|
26. |
Эргашева Р.А. |
ПРОФЕССИОНАЛЬНАЯ ЭТИКА КАК РЕГУЛЯТОР ИНЖЕНЕРНОЙ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ |
БАХШИ II. ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ-ИҶТИМОӢ
РОҲБАР: н.и.п., АМИНҶОНОВА М.С
КОТИБ: СИЛМОНОВА С.
МАКОНИ БАРГУЗОРӢ: СИНФХОНАИ 216
№ |
Ном ва насаб |
Мавзўъ |
1. |
Аминҷонова М.С. |
НАҚШИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР БАЙНИ ЗАБОНҲОИ ОЛАМ |
2. |
Аминджанова М.С., Мирзоахмедов М.М. |
ВЗГЛЯДЫ РУДАКИ О ВОСПИТАНИИ И ФОРМИРОВАНИИ ЛИЧНОСТИ МОЛОДЕЖА |
3. |
Атоева К М, Тошматов З.А. |
ЯГОН МАВҶУДОТИ ЗИНДА БЕ ТАБИАТ ВУҶУД ДОШТА НАМЕТАВОНАД |
4. |
Якубов Љ. К. Солиев Ш. |
ДАХОЛАТИ ДОИРАЊОИ МАНФИАТДОРИ ХОРИЉЇ БА КИШВАРЊОИ МУСУЛМОННИШИН БО МАЌСАДИ АМАЛЇ КАРДАНИ ЊАДАФЊОИ ГЕОПОЛИТИКЇ ВА ЉАНГУ ХАРОБКОРИЊО |
5. |
Изатуллоев Р.И. |
УСТУВОРИИ МАҲОРАТИ КАСБИЮ ФАРҲАНГИИ МУХАНДИСОНИ САНОАТИ КУХИИ ТОЧИКИСТОН |
6. |
Исаева Д.Х. |
ИСТОРИЯ ПРОИСХОЖДЕНИЯ АНГЛИЙСКИХ МУЗЫКАЛЬНЫХ ТЕРМИНОВ И ЕГО РАЗВИТИЕ |
7. |
Қодирова М.В. |
ШУКРОНАИ ОБОДИВУ ОЗОДИИ ДИЁРАМ |
8. |
Мўсоева Н. |
КАЛИМАҲОИ СОХТАИ ИСМӢ ДАР ТАРКИБИ ЛУҒАВИИ ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ |
9. |
Набиджанова З.А.. |
ЛЕКСИЧЕСКАЯ ПОЛИСЕМИЯ В СОВРЕМЕННОМ АНГЛИЙСКОМ ЯЗЫКЕ |
10. |
Нурматова М.Р. |
ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ |
11. |
Нурматова М.Р. |
ҶУМЛАҲОИ ФРАЗЕОЛОГӢ ДАР ЗАБОНИ АДАБИИ ТОҶИК |
12. |
Нурматова М.Р |
АНГЕЗИШИ ЗЕҲН УСУЛИ БОСИФАТ |
13. |
Одинаев Г. А. |
РОЛЬ ИНОСТРАННЫХ ЯЗЫКОВ В ИНДУСТРИАЛИЗАЦИИ СТРАНЫ. |
14. |
Одинаев Г.А. |
АНТОНИМИЯ |
15. |
Орифӣ З., Исмоилов Ш.Ғ. |
ТАКМИЛИ ТАЪЛИМОТИ ОДОБИ МУҲАНДИС ТАҚОЗОИ РӮЗ АСТ |
16. |
Ахмедова Париноз |
ЗАБОН ВА САБКИ РУБОИЁТИ АТТОРИ НИШОПУРЇ |
17. |
Пулатова Н.И. |
ИЗУЧЕНИЕ ЯЗЫКА С ПОМОЩЬЮ (MALL)MOBILE-ASSISTED LANGUAGE LEARNING |
18. |
Садриддинов А.Ф., Ҳошимов Х.Ғ. |
САНОАТИКУНОНӢ – ҲАДАФИ СТРАТЕГӢ ВА РУШДИ ИҚТИСОДИИ КИШВАР |
19. |
Сатторова М.Ф. |
ИНТЕРАКТИВНОЕ ОБУЧЕНИЕ РУССКОМУ ЯЗЫКУ КАК ИНОСТРАННОГО В ТЕХНИЧЕСКИХ ВУЗАХ |
20. |
Симоненко Л.Ф. |
ИСПОЛЬЗОВАНИЕ ТЕХНИЧЕСКИХ СРЕДСТВ ОБУЧЕНИЯ НА УРОКАХ РУССКОГО ЯЗЫКА |
21. |
Силмонова С. И. |
АЙНӢ ВА РОБИТАЊОИ АДАБЇ |
22. |
Тошматов З.А. |
ИВАЗКУНЇ ВА ИСТИФОДАБАРИИ САРВАТЊОИ ЗЕРИЗАМИНЇ ДАР ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН |
23. |
Ўзбеков С. |
РОҶЕЪ БА КОРБУРДИ ДИАЛЕКТИЗМҲОИ КАСБУ ҲУНАР ДАР ЛАҲҶАИ ТОҶИКОНИ АНДАРАҚИ ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН |
24. |
Усмонов А.Р. |
ЧАНД СУХАН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ВА ТАЪСИРИ ОН БАРОИ РУШДИ ДИГАР ЗАБОНҲО |
25. |
Холбоев Р.Я. |
ТОҶИКИСТОН-МАНБАИ САНОАТИ КӮҲКОРӢ |
26. |
Холова Ф.Ф. |
АЗХУДКУНИИ ДАШТИ ДИЛВАРЗИН |
27. |
Ҷалолова З.А. |
ПАЙДОИШИ АСАРҲОИ АХЛОҚӢ-ДИДАКТИКӢ ВА ТАҲЛИЛИ ПЕДАГОГИИ ДАВРАИ СОСОНИЁН |
28. |
Ҷалолова З.А. |
БА ЗАБОНИ МОДАРӢ АРҶ ГУЗОРЕМ |
АКСҲО АЗ РАФТИ КОНФРОНС:
Маводҳои конфронс дар шакли китоби электронӣ ва чопӣ дастраси даьватшудагон, омӯзгорон ва донишҷуён гардид.