Матни суханронии директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Худобердӣ Холиқназар дар Конфронси илмиву амалии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон – Президенти сулҳофар ва асосгузори давлати миллии тоҷикон”, рӯзи 16 ноябри соли 2017 дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори “Рӯзи Президент”
Бист сол пеш, 27 июни соли 1997 фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Пешвои барҳақи миллат, Эмомалӣ Раҳмон ва дигар фарзандони ватанпараст, меҳандӯст ва сулҳхоҳи тоҷик баъд аз нофаҳмиҳо ва даргириҳои таҳмилӣ дар натиҷаи музокироти сулҳ ба ин кашмакашҳо хотима гузошта, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро имзо карданд.
Расидан ба сулҳ кори басо душвор ва ниҳоят мураккаб буд. Баъд аз анҷоми Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, Раиси навинти-хобшудаи Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тамоми қувва ва иродаю имконияти хешро барои таъмини сулҳ, баргардондани муҳоҷирин ба Ватан ва шурӯъи музокирот бо мухолифини собиқ равона намуд. Иқдоми Эмомалӣ Раҳмон аз ҷиҳати методологӣ дорои аҳамияти ниҳоят бузург буд, зеро ӯ миллатро ба ғолибу мағлуб ҷудо накард ва савганд хурд, ки вазифааш аз он иборат аст, ки охирин шаҳрванди фирории Тоҷикистонро ба Ватан баргардонад, миллатро сарҷамъ намуда, ҳама дар якҷоягӣ дар заминаи Ваҳдати миллӣ Тоҷикистони соҳибистиқлолро созанд. Бо ин изҳороти худ Сарвари давлат аз ибтидо дарҳоро барои музокира кушод ва ин заминаи бисёр муҳим барои дар оянда шурӯъ шудани музокироти байни тоҷикон гардид. [1]
Қобили зикр аст, ки дар ин роҳи басо душвор шуҷоату ҷасорати нотакрор доштани Эмомалӣ Раҳмон, фаросати азими мардумпарваронааш, ватанпарастӣ ва миллатдӯстиаш боиси он гардид, ки ӯ ҷони хешро ба гарав монда барои таъмини ваҳдат ва барқарории сулҳ дар Тоҷикистон сафарҳои пурхатар намуда сулҳу ваҳдатро дар кишвар барқарор намуд.
Яке аз солҳои бениҳоят душвор ва сарнавиштсози гуфтушунидҳо соли 1995 буд, ки дар ин сол аввалин бор музокироти сатҳи олӣ дар шаҳри Кобул баргузор гардид. Пеш аз сафар ба Афғонистон дар моҳи апрели соли 1995 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбати ихтисосиашон бо хабаргузории «Интерфакс» дар бораи ҳадафҳои вохуриашон бо роҳбарони мухолифин чунин иброз доштанд:
«Ҳангоми вохӯрӣ бо роҳбари оппозисиюн ман пеш аз ҳама мавзӯъҳоеро баррасӣ хоҳам намуд, ки ба ҳалли мусолиматомези қазияи Тоҷикистон иртибот дошта, масъалаҳои оташбас ҳам дар сарҳад ва ҳам дар дохили кишвар, баргашти тамоми муҳоҷорине, ки ҳанӯз дар хоки Афғонистон ҳастанд, ва ҳамчунин дигар масъалаҳоро дар бар хоҳад гирифт. Мақсади ман расидан ба мусолиҳа бо оппозисиюн мебошад, ки ин мусолиҳа бояд бечунучаро аз ду тараф иҷро шавад.» [2]
Дар вазъияти мураккаб ва ноамнии комил дар шаҳри Кобул, ки дар бист километр берун аз он ҷанги шадиди байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои мухолиф идома дошт ва мушакҳо ба тарафи шаҳр ва, бахусус ба фурудгоҳи Кобул паронда мешуданд, ҳавопаймои Сарвари давлат дар фурудгоҳи шаҳри Кобул ба замин нишаст ва баъдан музокирот байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мухолифини собиқ шурӯъ гардид. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чунин шароити сахт ва хатарнок барои таъмин ва истиқрори ҳар чӣ зудтари сулҳу салоҳ дар Ватан ва оромии миллат дар душвортарин шароит ду рӯз музокироти хеле муҳим ва сарнавиштсозро муваффақона анҷом дод. Натиҷаи музокироти сатҳи олӣ дар Кобул барои ташвиқ ва тарғиби намудани барқарории фазои сулҳ ва ҳамдигарфаҳми дар Тоҷикистон аҳмияти фавқулода дошт. Дар изҳороте, ки аз тарафи ду роҳбар ба имзо расида буд, аз ҷумла чунин ишора шуда буд: «Ҷонибҳои тоҷикон ба хотири рафъи низоъ аз тариқи сиёсӣ, тавассути музокирот, бунёди шароити сулҳи пойдор дар сарзамини тоҷикон тамоми ҷидду ҷаҳди хешро дареғ нахоҳанд дошт».[3]
Пас аз баргаштани ҳайҳати ҳукуматии Тоҷикистон ба Душанбе, шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд, вазири дифоъи Афғонистон, дар мулоқот бо хабарнигорон аз хусуси мавқеи гуманистӣ ва ватандӯстона доштани Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда чунин гуфт: – «Раҳбари Тоҷикистонро ман ҳамчун шахсияте дарёфтам, ки халқи кишвараш, миллати тоҷикро, ватанаш Тоҷикистонро хеле амиқ ва самимона дӯст медорад. Барои беҳбудии халқу марзу бумаш омодааст ҷонбозиҳо кунад. Бо чунин Раис тоҷикон ҳатман ба сулҳу оштӣ даст хоҳанд ёфт»[4]
Дар худи Тоҷикистон низ ҳамон сол дар минтақаҳои зери нуфузи мухолифини собиқи мусаллаҳ Президенти Тоҷикистон дар шароити хеле хатарнок мулоқоту гуфтушунидҳои зиёде бо гурӯҳҳои гуногун анҷом дод, ки баъдан натиҷаи хуб доданд.
Музокироти бениҳоят душвори дигар дар сатҳи олӣ дар Хустдеҳи Афғонистон дар зимистони басо сарди соли 1996 сурат гирифт. Ин музокирот дар як деҳаи дурдасти афғонӣ Хустдеҳ, ки дар он на ҷойи хобби мувофиқ мавҷуд буд ва на барқ. Ҳайатҳои музокироти сулҳи тоҷикон ду шабонарӯз то субҳ музокира карданд ва дар натиҷа Протокол дар бораи танзими авзои ҳарбию сиёсии минтақаҳои доғ дар 8 банд таҳия ва ба имзо расид, ки дар натиҷаи он оташбас барқарор гардид ва нерӯҳои низомии мухолифони собиқ ба мавзеъи пештараашон баргаштанд. Президенти Тоҷикистон дар ин музокирот пешниҳод намуд, ки ҷиҳати таъмин ва таҳкими сулҳ дар Тоҷикистон бояд Комисиони Оштии Миллӣ таъсис шавад ва роҳбари он бояд намояндаи мухолифин бошад. Чунин пешниҳоди ҷасурона дар он давра кори осон набуд.
Дар маҷмӯъ, дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ, ки аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон Афғонистон, Покистон, Эрон, Қазоқистон, Қиғизистон, Русия, Туркманистон идома ёфтанд, муяссар шуд, ки барои амалӣ намудани ҳадафҳои сулҳ 9 даври музокирот, 6 вохӯрии сарон ва 21 маротиба музокирот анҷом дода шавад, ки дар натиҷаи онҳо 40 ҳуҷҷати тақдирсози миллат ба имзо расонида шуд. Дар ҷараёни гуфтушунидҳо тоҷикон ба хубӣ фаҳмиданд, ки ҷанги таҳмилӣ бояд фавран қатъ гардад, чунки ин даргирии бародаркуш миллати тоҷикро метавонист аз байн барад ва ба давлатдории тоҷикон хотима бахшад. Бегонагоне, ки ин ҷангро ба сари миллат таҳмил карданд маҳз таназзулу нобудии давлатдории тоҷиконро мехостанд. Аммо, шукри парвардигор, ки тирашон хок хӯрд.
Бояд таъкид намоям, ки баъзе аз кишварҳои дуру наздик намехостанд дар Тоҷикистон сулҳу оромӣ бошад ва бо ҳар роҳ ба раванди сулҳ халал мерасонданд. Тавре ки маълум аст, аз нахустин қадамҳои истиқлолият доираҳои муайяни бадхоҳ бо истифода аз таҷрибаи даврони гузашта ва усулҳои озмудаи худ, бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсӣ давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонданд. Дар натиҷа беш аз сад ҳазор шаҳрвандони мо кушта шуданд, қариб як миллион нафар иҷборан хонаву дари худро тарк карда, ба кишварҳои ҳамсоя фирор намуданд. Мувофиқи ҳисобҳо ҷанги таҳмилӣ ба иқтисодиё-ти мамлакат, дар маҷмӯъ, беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зиёни моддӣ расонид, ки он замон 105 маротиба аз буҷети соли 1995 зиёд буд. Зиёда аз 30 ҳазор хонаҳои истиқоматӣ сӯзонда, садҳо биноҳою иншоот, заводу фабрикаҳо, муассисаҳои тиб, маориф ва идораҳои давлатӣ ва дигар муассисаҳои зиёде харобу валангор гардиданд. Зарари маънавии ҷанг ҳадду ҳисоб надорад. Зеро бар асари он даҳҳо ҳазор модарон аз фарзандонашон, даҳҳо ҳазор занон аз шавҳаронашон маҳрум гардида, зиёда аз 55 ҳазор кӯдакон ятим монданд.
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расид, ба ҷаҳониён нишон дод, ки миллати бофарҳанг, ватандӯст, сулҳхоҳ ва сулҳпарвари тоҷик дар он давраи хеле сахт ва мудҳиш таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якпорча шуд, роҳи музокироти сулҳро пеш гирифт, аз ақлу фарҳанги азалии хеш истифода намуд, аз роҳи ба тариқи зӯри ҳал кардани мушкилоти сиёсӣ ва иҷтимоӣ даст кашида, сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро ба хотири таъмини сулҳи сартосарӣ самимона дастгирӣ намуд.
Бо кӯшишу ҷаҳду ҷадалҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи давра ба давраи сулҳи сартосарӣ, таъмини фазои боварӣ ва эътимод ба ҳамдигар, аз байн бурдани фазои бадбинӣ ва даргириҳои мусаллаҳ, фаҳмондани ҳадафҳои сулҳ ва ваҳдати миллӣ, халъи силоҳ намудани баъзе қумондонони саркаш ва дар амал татбиқ намудани созишномаҳои имзошуда, фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, Комиссиони Оштии Миллӣ дар шаҳри Душанбе таъсис гардид. Қобили зикр аст, ки Комиссиони Оштии Миллӣ дар раванди таъмини сулҳ ва иҷрои вазифаҳои хеш фаъолияти хеле хуб нишон дод ва ба Ватан содиқона хизмат кард.
Имзо ва татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҷомеаи мо раванди ваҳдати миллӣ, худогоҳӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ба мисли парчам ва нишонҳои миллӣ, демократикунонӣ, таҳаммулпазирӣ ва гуногунандеширо тақвият бахшид ва сулҳи тоҷиконро пойдор кард. Дар натиҷа аз баракати сулҳу салоҳ дар кишварамон ҳизбу созмонҳои мухталиф арзи вуҷуд намуда раванди демакратикунонии ҷомеа шурӯъ гардид.
Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба давлатҳои гуногуни ҷаҳон нишон дод, ки минбаъд тамоми мардуми ҷумҳурӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф ва эҳтиром намуда сохти демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб ва қабул намуданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ итминон пайдо кард, ки Тоҷикистон роҳи сулҳ, ободӣ ва бозсозии кишварро пеш гирифт ва аз ин хотир кишварҳои мухталиф омодагии худро барои сармоягузорӣ дар ватанамон нишон доданд.
Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ волоияти иҷрои қонунҳои ҷумҳурӣ, амру дастурҳои Президенти кишвар ва қарорҳои Ҳукумати ҷумҳуриро дар тамоми қаламрави Тоҷикистон таъмин намуд ва ба қумондонсолорӣ хотима бахшид. Мардуми тоҷик, ки аз қумондонсолорӣ хаста ва безор шуда буд, нафаси озод кашид. Ҳамагон фаҳмиданд ва дарк намуданд, ки танҳо бо роҳи сулҳу салоҳ метавонанд ваҳдати миллиро таҳким бахшанд, миллатро зинда кунанд, эҳтирому обрӯйи Ватанро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоранд ва насли навро дар рӯҳияи соҳибистиқлолӣ, муҳаббат ба марзу бум, ба таъриху адабиёту фарҳангу забони модарӣ, пешрафти ҷомеаи демократӣ, худшиносии миллӣ ва арзишҳои суннатӣ тарбия кунанд.
Баъд аз барқарории ваҳдати миллӣ ва сулҳи сартосарӣ дар кишварамон бо ташаббус ва ибтикори ҳамешагии Сарвари давлат раванди бозсозии иқтисодии кишвар, рушди демократия, гуногунандешӣ, таҳаммулпазирӣ, озодии сухан ва матбуот, ташаккули тафаккури миллӣ равнақу ривоҷи бештар пайдо намуда, ваҳдати миллиро мустаҳкам намуд.
Бо дастуру супориши мустақими Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар барномаҳои инвестисионӣ, стратегияҳо ва консепсияҳои миллӣ қабул гардиданд ва чорабиниҳои муҳими зерин дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурӣ гузаронида шуданд, ки эмон ва боварии мардумро ба раванди бозсозии кишвар даҳчанд намуданд. Ин чорабиниҳои муҳим иборат буданд аз:
• таъсиси Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон;
• сохтмони роҳои оҳан ва автомобилгард, тоннелу нерӯгоҳҳои барқӣ;
• дар сатҳи ҷаҳони гузаронидани маъракаҳои фарҳангӣ, аз қабили 1100 солагии таъсиси давлатдории Сомониён, соли тамаддуни ориёӣ, 680 солагии олим ва мутафаккири Шарқ Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, 1150 солагии устод Рӯдакӣ, ҷаҳонишавии Наврӯзи бостонӣ ва дигар фаъолиятҳои фарҳангӣ;
• ҷудо кардани 75 ҳазор гектар замин барои киштукори мардум;
• таҳия, қабул ва дар амал татбиқ намудани қонуну қарорҳои ҳӯқуқи барои рушду равнақи демократия дар кишвар ва ғайра.
Ҳудуди фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ на танҳо аз нигоҳи сифат, балки аз лиҳози миқдор низ густариш ёфт, мазмуну моҳияти гуногунандешӣ гирифт ва имрӯз дар кишвар 456 рӯзномаву маҷалла нашр мешавад, ки дар миёни онҳо 270 нашрия мақоми ғайридавлатиро доранд. Дар соли 2014 Тоҷи-кистон аз нигоҳи озодии сухан дар ҷаҳон ҷои 113-ро гирифта аз ҳамсоягони худ дар Осиёи Марказӣ дар сафи пеш буд.
Имрӯз дар Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ озодона фаъолият намуда дар парлумони кишвар намоянда доранд, ки ин нишондиҳандаи муҳими мавуҷудияти плюрализм, яъне гуногунандешии воқеъӣ ва рушди демократия дар Тоҷикистон аст.
Таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон, ки асосгузори он Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои барҳаққи миллат мебошад, имрӯзҳо вирди забони ҷомеаи байналмилалӣ гашта, ба ҷаҳониён собит намуд, ки миллати дорои фарҳангу таърихи бузург ҳамеша дар ҳолати душвор ва сарнавиштсози таърихӣ аз ин неъматҳои худододӣ истифода намуда, худро наҷот медиҳад. Ба қавли собиқ Котиби Генералии Созмони Миллали Муттаҳид Кофи Аннан, тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар ба армуғон оварданд.[5]
Милати тоҷик имрӯзҳо аз вакилони худаш сипосгузорӣ менамояд, ки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархостҳои бешумори онҳо ба инобат гирифта Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат”-ро қабул намуданд.
Имрӯз мардуми Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон на ҳамчун ба Сарвари давлат, балки ҳамчун ба як наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ба меъмори давлатдории навини тоҷикон ва пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ менигарад.
Ин аст, ки дар Тоҷикистони имрӯза ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон маънои васеътар аз ҷонибдорӣ аз Сарвари давлатро гирифтааст, балки ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон ба маънои ҷонибдорӣ аз ояндаи устувори давлатдории миллӣ, аз истиқлолияти сиёсӣ ва фикрии миллат, аз низоми давлатдорӣ, аз суботу амнияти ҷомеа ва ҷонибдорӣ аз ваҳдату сарҷамъии миллат мебошад. Зеро сиришти мардумӣ, эҳсоси худӣ, иродаи қавӣ ва таҷрибаи бузурги Эмомалӣ Раҳмон қалби ҳар шаҳрвандро саршор аз ҳисси боварию эътимод ба фардо, ба ояндаи фарзандони худ ва ба дурнамои давлату миллат менамояд. Ин ҳолати нодирест, ки мардум ба роҳбари худ ҳамчун ба худ, балки бешатар аз худ боварӣ ва эътимод дорад.
Ин аст моҳияти Пешвои миллат будан. Ин аст моҳияти ба таври воқеӣ ва ба таври комилан Пешвои барҳаққи миллат будан. Адабиёт 1. Ваҳдат, Давлат, Президент. Ҷилди VI. – Душанбе, 2007.- С.76. 2.Эмомалӣ Рахмонов. Долгий путь к миру. – Душанбе, 1998.- С. 16. 3. Роҳи сулҳ (Ҳуҷҷатҳои гуфтушуниди байни тоҷикон). Душанбе, 1997.- С.30. 4. Ҳамад Султон. Нақши Аҳмадшоҳи Масъуд дар сулҳи тоҷикон. – «Рӯзномаи Тоҷикистон аз 27.09.01. 5. Т.Назаров. Таджикистан: экономика, политика, междуна-родное сотрудничество. – Д., 2001.-С.153-154.