НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ – баргузории “Дарси Ваҳдат” дар муассисаҳои таълимии шаҳри Бӯстон
Санаи 17 майи соли 2023 тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Раиси вилояти Суғд, раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар бунёди давлати миллӣ” дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон “Дарси Ваҳдат” доир гардид.
Дарси Ваҳдат бо иштироки Ҳотамҷон Фаттоев мушовири калони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Каримӣ Шаҳноза ва муовини ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Замониддин Насриддинов бо ҷалби устодону донишҷӯён баргузор карда шуд.
Нахуст муовини ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Замониддин Насриддинов меҳмононро ба иштирокдорон муаррифӣ намуда, суханро ба Ҳотамҷон Фаттоев манзур намуд.
Ҳотамҷон Фаттоев зимни суханронии хеш қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд: «Ваҳлати миллӣ барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад». Ишораи Пешвои миллат дар ин росто барҳақ буда, ҳанӯз дар рӯзҳои аввали ҳамчун орзуву омоли деринаи халқ ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ва соҳиби кишвари мустақили навини миллӣ гардидан бо истифода аз мафкураи ғаразолуди бархе аз фарзандони гумроҳ кишвари мо ба алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд.
Хушбахтона дар ҷараёни баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб бо эҳсоси гарму самимии ватандӯстона, ҷуръату тавони оянданигарона ва андешаву омоли наҷибу некбинона фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳодурона ба минбари Иҷлосия баромада, дилпуронаву боварибахшона иброз доштанд, ки “Ман ба шумо сулҳ меоварам ва дар ин роҳ лозим шавад ҷони ҷавони хешро дареғ намедорам”.
Азму иродаи устувору баҳодурона, ҷаҳду талош ва кӯшишу ғайрати далерона Пешвои маҳбубу ғамхор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки маҷрои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дубора рӯ ба инкишоф ниҳода, масъалаи таъмини шароити арзандаи кору зиндагӣ ба ҳар як сокини кишвар, истиқлоли сиёсиву давлатӣ, эҳёи расму ойин ва анъанаҳои фарҳангӣ, таваҷҷуҳ ба рушди сайёҳиву ҳунарҳои милливу анъанаҳои неку писандидаи мардуми шарифи кишвар дар меҳвари сиёсати давлатдории навини миллӣ қарор гирифт.
Пас аз фарҷоми қисми расмии “Дарси Ваҳдат” қисмати дуюм бо навиштани иншо дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар бунёди давлати миллӣ” байни донишҷӯёни Донишкада сурат гирифт. Натиҷаи иншоҳо аз ҷониби ҳайати ҳакамон ва омӯзгорон баҳогузорӣ гардида, ба унвони Шӯрои вилоятии Ҳаракат манзур карда мешавад.
Ҳамзамон ғолибони иншои беҳтарин бо сипоснома ва туҳфаҳои Шӯрои вилоятии Ҳаракат қадршиносӣ мегарданд.