Санаи 10.02.2021с. дар видеоконфронсзали донишкада мизи мудаввар бо иштироки декани факултети металлургия Умарҷонов А.А. ва намояндагони истеҳсолот, омўзгорон, магистрон ва донишҷўёни ихтисоси 42010104 – металлургияи металлҳои ранга дар мавзўи «Нақши мутахассисони баландпояи ватанӣ дар рушди саноатикунонии мамлакат» баргузор гардид.
Декани факултети металлургия Умарҷонов А.А., семинарро ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушд додани соҳаи саноат мунтазам таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ҳамзамон, қайд намуданд, ки дастовардҳои соҳаи мазкур бевосита тавассути густариш додани татқиқотҳои илмӣ, инноватсия ихтироъкорӣ ва ҷорӣ намудани технологияи муосир муяссар мегардад. Вобаста ба ин, олимони ин соҳаро зарур аст, ки корҳои илмӣ-татқиқотиро дар ин самт вуссъат бахшида, баҳри дар истеҳсолот ҷорӣ намудани навгониҳои илм саҳмгузорӣ намоянд.
Инчунин, баромади мудири лабораторияи кафедраи металлургия Раҳимов Ҳ.Ш., таҳти унвонӣ “Саноатикунонии кишвар омили асосии рушди мамлакат” шунида шуд. Қайд гардид, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушд додани соҳаи мазкур мунтазам таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Аз ҷумла, Сарвари давлат дар баромадҳо ва Паёмҳои худ таъкид намуданд, ки «Бунёди корхонаҳои саноатӣ оиди коркарди маъдан, металлҳои ранга аз коркарди ашёи хом то маҳсулоти ниҳоӣ табдил додани металлҳои ранга ва сангҳои кимматбаҳо яке аз роҳҳои ғанӣ гардонидани буҷаи давлат ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ мебошад». Вобаста ба ин таъкидҳои Пешвои миллат, Ҳукумати Ҷумҳурӣ «Барномаи омȳзиш ва арзёбии захираи металлҳои нодир барои солҳои 2015-2025»-ро таҳия намудааст, ки айни замон татбиқи он идома дорад.
Дар доираи ин Барнома ва бо супоришҳои Пешвои миллат дар мамлакатамон чандин корхонахои саноати кимиё, коркарди металлҳои ранга сохта, ба истифода дода шудаанд.
Ҳамзамон магистрантону донишҷўён Шарифиён Шоҳрух Ализода, Гадобоев Алиёр ва Аминзода Шодон, намояндаи заводи металлургии ҶДММ “Ширкати куҳию саноатии Тоҷикистону Хтитой” Рустамов Олимҷон Рамизҷонович, дотсент Саидов Бахтиёр Ихтиёрович, муаллими калон Муродов Маъсум Юлдошевич, Фаридаи Амонулло дар кори мизи мудаввар доир ба муаммоҳои соҳа дар корхонаҳои саноатии мамлакат иштирок намуда, фикру андешаҳои худро баён намуданд.
Манбаи иттилои мазкур Абдусафо Умарҷонов, н.и.т., проф. АФТР, аъзои АИОР