НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗИ X˅ɪ-УМИ ШӮРОИ ОЛИ

 

          9- уми декабри соли 2015 дар  таърихи милати тоҷик боз як саҳифаи нав зам шуд. Иҷлосияи навбати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон Қонуни  Ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллатро қабул намуд.

       Лозим ба ёдоварист, ки қабули ин қонун арҷ гузоштан ба шахсияти таърихӣ ва хизматҳои бузургаш дар назди халқу кишвар аст. Ин қонун баҳри рушду инкишофи минбаъдаи давлатдории миллӣ, сарҷамъии миллат, ҳифзи арзишҳои истиқлолияти давлатӣ, дахлнопазирии кишвар ва таъмини шароити зиндагии  арзанда, инкишофи озодона ва рузгори пурнишоти миллати куҳанбунёду тамадунофару фарҳангсолори тоҷик амри воқеи ва иқдоми хело наҷиб маҳсуб меёбад. Бояд гуфт, ки маҳз сиёсати хирадмандона талошу заҳматҳои пайвастаи Ҷаноби Оли Президенти кишвар Муҳтарам Эмомали Раҳмон буд, ки хавфи аз байн рафтани миллати тоҷик, давлатдории тоҷикон дар умқи таърих ба миён омад.

       Имрӯзҳо тамоми шароит барои рушди илм ва робитаи илм бо истеҳсолот, ғамхори дар ҳақи олимони ҷавон ва корҳои зиёде дар ин самт гувоҳи гуфтаҳои болост. Беҳуда нест, ки мардуми мо сарвари худро Президенти мардумӣ ном ниҳодаанд, чун ӯ худ аз байни халқ баромада ба дарду ғами халқ шарик гашт.

         Дар ҳар давру замон барои рушд ва пешрафти ҳар миллат фарзандони барӯманду фарзонааш нақши мондагоре аз худ боқӣ мегузоранд. Эмомали Раҳмон чун шахсияти барҷаста вақте ба майдони сиёсат омад, ки миллати тоҷик парешон ва кишвар дар вартаи аз байнрави қарор дошт. Паёми нахустини Иҷлосияи тақдирсози ΧVΙ Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки 19-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хӯҷанд барпо гардида буд, сарҷамъсозии миллат ва берун овардани Тоҷикистон аз ҷанги шаҳрванди буд. Мардуми кишварамон суханони таърихии Президенти Кишвар Муҳтарам Эмомали Раҳмонро ки гуфта буд:” То вақте, ки як фарди миллат дур аз Ватан дур аз ғурбат қарор дорад ман худро орому хотирҷамъ намеҳисобам” хуб дар хотир доранд.

        Солҳои 1993-1996 муҳоҷирони иҷборӣ, ки бар асари муноқишаҳои дохилӣ дар Афғонистону кишварҳои пасошӯравӣ ба сар мебурданд, пура ба марзу буми аҷдодӣ баргаштанд ва шахсан бо кӯмаки бевоситаи Роҳбари давлат бо мақсади обод гардонидани хисороти ҷанги шаҳрвандӣ маблағҳои зиёде ҷудо намуданд, ки ин ҳам аз Президенти мардуми будани Президенти Кишвар Мӯҳтарам Эмомали Раҳмон гувоҳӣ медиҳад.

      Мӯҳтарам Эмомали Раҳмон чун мунадии сулҳу ваҳдат ва бунёдкори халқу миллат ватанашро аз дилу ҷон чун фарзандаш дӯст медорад, баҳри беҳбудиву некӯаҳволии халқ ва ободии Ватани азизамон ҷонашро фидо мекунад. Ҳамеша дастгири камбизоатону ятимон, дармондагон ва бечорагону бенавоён мебошад. Аз ин бар- меояд, ки мардум ӯро чун роҳбари давлат Президенти мардуми эътироф мекунанд.

     Ҳамасола Президенти кишвар Мӯҳтарам Эмомали Раҳмон ба ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар сафар намуда аз ҳолу аҳволи халқ огоҳ мешаванд ҳато ба хонахои онҳо даромада аз шарту шароити зиндагии онҳо бохабар мегарданд. Ҳамин дӯстдории ӯст, ки халқ ӯро дар рӯзи интихоботи навбати аз сари нав сарвари худ, Пешвои худ пазируфтанд. Дар ҳақиқат ба ин вазифаи олӣ арзандаанд.

         Дар тули ин ҳама соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат будани Ҷаноби Олӣ  Мӯҳтарам Эмомали Раҳмон кишварамон рушд ёфта симояшро бо кулли дигар намуд. Садҳо корхонаю муасисаҳои истеҳсолӣ бунёд гаштаанд, пулу нақбҳо ва роҳҳои ҳамвор чор тарафи кишварамонро ба ҳам пайвастанд. Рӯзгори мардумро рӯ ба беҳбудӣ оварданд ҳама шаҳодати соҳибназарӣ, ақли гиро заковату худододии ӯст, ки ин ҳам аз президенти мардуми будан шаҳодат медиҳад.

Шамсиев Р.М.

мудири кафедраи таъминоти барқ