НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАРБИЯИ НАСЛИ ШОИСТАИ ЗАМОН

Камоли ифтихор аст, ки дар арафаи иди бонувон ва таҷлили Рӯзи модар дар донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон конфронси шаҳрӣ доир гардид.

    Муовини ректор оид ба корҳои тарбияи донишкада, дотсент Манзура Сайдуллоева ҳангоми маърузаи худ иброз доштанд, ки зани тоҷик дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ баробари мардон кору фаъолият менамояд, хоса соҳаи маориф ва тандурустӣ бидуни фаъолияти занон ғайриимкон аст. Пойдорӣ ва солим будани муҳити оилавӣ, инчунин мавҷудияти низом ва сатҳи зарурии зиндагӣ дар ҳар як хонадон ба маърифати бонувон марбут аст. Сиёсати хирадмандонаи  Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри боло бурдани манзалату мақоми зани  тоҷик мунтазам ғамхориҳои беназир зоҳир менамоянд.

    Дар доираи рузномаи конфронси шаҳрӣ оид ба нақши шоистаи бонувон дар боргоҳи маърифат зумрае аз меҳмонон, аз ҷумла кумитаи занони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Бустон, фаъолони ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, омузгорони ДКМТ низ ба сухан баромада муҳим будани саҳми занонро дар тарбияи насли шоистаи замон таъкид намуданд.

     Гузашта аз ин ишора гардид, ки сол аз сол сафи донишҷӯдухтарон дар донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Воқеан ҳам, ҳар ҷое ки бонувон қадам мегузоранд, гули маърифат ва меҳру муҳаббат шукуфон мегардад.