НАҚШИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Ҳар сол дар кишвари азизамон 16 ноябр рӯзи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории халқи тоҷик падидаи тозае мебошад, ки воқеан барои гиромидошти арзишҳои миллии мо аҳамияти ҳаматарафа дорад. Таҷлили ин рӯз на танҳо маънои эҳтиром ба шахсияти барҷастаест, ки тамоми ҳастии худро барои ободии кишвар ва беҳдошти зиндагии мардум сарф менамояд, балки нишонаи шинохт ва гиромидошти арзишҳои миллии халқи тоҷик аст.

        Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент ва миллат буда, дар сатҳи баланд баргузор намудани он нишонаи шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мегардад. Зеро мардуми мо Истиқлолияти давлатиро ба осонӣ ба даст наовардааст. Ба қадри сулҳу субот ва ободии Ватан бирасем ва хизмати софдилонаву содиқона ба Ватан мазмуни асосии зиндагиамон гардад.

        Воқеан, Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ватанамон – Тоҷикистон як рӯйдоди муҳими таърихӣ ва дастоварди нодир мебошад, ки кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати мустақил муаррифӣ менамояд.

        Мутаассифона дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ватани моро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фаро гирифта, он хатари парокандашавии давлат ва нестии миллатро ба вуҷуд овард.

        Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ барои иқтисодиёти кишварамон зарари калони моддию маънавӣ расонида, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар одамон гардид.

         27 июни соли 1997 дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ арзишманд ва муқаддас аст.

        Бояд қайд намуд, ки чунин рӯзҳои таърихию хотирмон дар ҳаёти ҳеҷ як халқу миллате худ аз худ ба вуҷуд наомада, дар натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ ва азму иродаи қавии шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ муяссар мешаванд.

       Чунин шахсияти таърихӣ дар ҷомеаи мо, ки барои бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва барқарор сохтани сулҳу ваҳдати миллӣ хизматҳои ниҳоят бузургу хирадмандона карда, дар таърихи давлату миллат як марҳилаи навро ба миён оварданд, Сарвари давлатамон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

        Аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назардошти ҷаҳду талошҳо ва хизматҳои бузургу тақдирсозашон дар ҳифзу барқарорӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ, соли 2015 дар асоси қонун ва соли 2016 дар асоси қонуни конститутсионӣ «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» эътироф гардид.

 

         Тоҷикистони муосир марҳилаҳои душвор, тақдирсоз ва бунёдиро паси сар намуда, дар таҳкими давлатдорӣ аркони бузургеро ба шакл даровард ва сиёсати бисёр хирадмандонаву устуворро ба роҳ монд.

         Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ маорифпарварона, фарҳангсоз ва миллатсоз буда, таҳти роҳбарии абармарди сиёсати ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқ мегардад, ки имрӯз бузургтарин сиёсатмадорону шахсиятҳои шинохтаи ҷаҳонӣ тарзи давлатсозии онро эътироф кардаанд. Ваҳдатофариву давлатсозии халқи тоҷикро Президенти Русия Владимир Путин чунин баҳогузорӣ кардааст: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар давраи сиёсат байни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол менамояд. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате, ки ҷанги гражданиро аз сар гузаронида бошад, дида намешавад».

         Хизматҳои шоёни муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди тағйироти нави бунёдкориву созандагӣ, аз ҷумла бунёди неругоҳҳои барқӣ, кушодану васли роҳу нақбҳо, бедору ғанӣ гардонидани ифтихори миллӣ, вусъат бахшидан ба вазъи таълиму тарбия ва тандурустӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Дар баробари ин Президенти кишвар дар иншои асарҳои гуногуни таърихиву фарҳангии миллат ва зиндаву ҷовид гардонидани чеҳраҳои мондагори илмию адабӣ, қаҳрамонони миллат ва сарнавишти мардуми тоҷик ҳусни тафоҳум бахшида, бо пешниҳоду ташаббусҳои байналмилалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мақоми хосса дорад, ки ин маҳбубият на танҳо боиси боварию эътиқоди мардуми Тоҷикистон, балки ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон аст.

        Ҳамин тавр Президенти кишвар танзими хавфу хатар ва таҳдидҳои нави ҷаҳониро ба назар гирифта, таъмини суботи сиёсиро вазифаи аввалиндараҷаи худ шуморид ва тамоми ҳастии худро ба пешравии миллату давлат бахшид. Ин аст, ки мавқеъ ва нуфузи ниҳоди сарварии Пешвои миллат имрӯз дар арсаи байналмилалӣ эътироф гашта, аз ҷониби Кумитаи академикии Шӯрои Аврупо Президенти мамлакат – Эмомалӣ Раҳмон сазовори Ҷоизаи «Пешвои асри ХХI» гардидааст.

       Ба назари мо чунин муносибат аз бисёр ҷиҳат ба нуфузу эътибори шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дошт. Ӯ чун шахсияте шинохта мешавад, ки мардум ба ӯ ҳамчун фарзанди фарзонаи миллат эҳтирому эътиқоди самимӣ доранд. Ҳамзамон боварӣ доранд, ки ӯ аз уҳдаи ҳалли тамоми масъалаҳое, ки имрӯз ҷомеа ба онҳо рӯ ба рӯ гаштааст, баромада метавонад.

     Қобилов В.А.

мудири кафедра ТваТМ