ДУШАНБЕ, 19.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳарчанд ки дар бисёр мамлакатҳо уҳдадориҳои андозӣ хеле фарқ доранд ва аз даромади баланди аҳолӣ вобастаанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар талош мешавад, ки низоми миллии андозбандӣ сурат гирад ва ба андозсупорандагон сабукиҳои бештар дода шаванд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки низоми андозбандии мамлакат, тартиб ва усулҳои ҷамъоварӣ бештар аз қолаби қаблӣ дур шуда, шакли миллӣ гирифтаанд, ки ин аз шартҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад. Яъне, дар ин шакл имтиёзҳо бештар барои он дода мешаванд, ки сифати зиндагӣ, имконияти сокинон ва сабади истеъмолии аҳолӣ беҳтар гардад ва тоҷикон дар ватани худ саодатмандона зиндагӣ намоянд. Чунин ибрози назар намуд ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ дар суҳбат бо АМИТ «Ховар».
— Фазои сулҳу озодӣ, суботу оромии мамлакат, зиндагии арзандаву шоистаи сокинон маҳаки аслии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ҷиҳати расидан бар ин ҳадафҳо пайваста талошҳо сурат мегиранд ва хушбахтона, имрӯз ватани азизамон- Тоҷикистон аз он давраҳои мушкили даҳаи аввали соҳибистиқлолӣ хеле пеш рафтаву ҳоло баҳри рифоҳи миллат ва имконияти волотарини зиндагӣ кӯшишҳо сурат гирифта истодаанд. Иқдоми таҳияи Кодекси нави андоз аз ҳамин кор маншаъ мегирад.
Рушди ҳар давлат ба ҷуз аз ғояҳои бунёдӣ боз аз пояҳои иқтисодӣ низ вобастагӣ дорад. Маҳз ба шарофати пешрафти илму техника ва устувор гардидани пояҳои иқтисодӣ давлат рушд менамояд ва барои зиндагии шоистаи мардум талош менамояд. Ҳамин аст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамоянд, то зиндагии сокинони мамлакат беҳтару арзандатар гардад ва маҳз ба хотири рушду тавсеа ёфтани иқтисодиёт, беҳтар гардидани фазои соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорони дохиливу хориҷӣ, зиёд намудани имконияти иқтисодӣ ва дастгирӣ намудани соҳибкорони ватанӣ, беҳ гардидани сабади истеъмолии ҷомеа борҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуданд.
Шурӯъ аз якуми январи соли 2022 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири мавриди амал қарор дода шуд, ки он аз 15 фасл, 57 боб ва 399 модда иборат буда, дар он таҳлили амиқи системаи содакардашудаи андозандӣ барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пурра таҳлил ёфта, манзури ҳамагон гардонида шудааст.
Дар кодекси мазкур тамоми бандҳои алоқаманд ба андозу андозбандӣ шарҳу тавзеҳ дода шуда, якчанд сабукиҳо низ ба андозсупорандагон дода шудаанд. Ҳамчунин дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав истилоҳот ва соҳаҳои хидматрасонии электронӣ низ ворид карда шудаанд, ки ба фаъолияти нави соҳибкорӣ дар шакли бозоргонӣ мусоидат менамоянд. Аз ҷониби дигар, ин тағйирот барои пайдо шудани имконияти нав дар усули ҷадиди фаъолият дар шабакаи ҷаҳонии интернет ва ба даст овардани фоида ба шаҳрвандон мусоидат менамояд. Ба шеваи дигар, агар ин ҳолатро баён намоем, кодекси мазкур ба боз намудани масири нав дар самти бозори интернетӣ ва умуман дигар шеваҳои бозории «дунёи маҷозӣ» мусоидат менамояд.
Мавҷудияти иқтидорҳои энергетикии фаровони мамлакат аз ҷумлаи омилҳои калидии рушди саноат ба ҳисоб меравад.
Ёдовар шудан зарур аст, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди рушди саноат дар панҷ соли охир ва расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат кумак намуда, ҳамзамон ба беҳшавии зиндагии мардум, шаклгирии фазои комилан озоду нави соҳибкорӣ, соданамоии фаъолияти соҳибкорӣ, расидан ба нишондиҳандаҳои баланди иқтисодӣ, фарохсозии усулҳои нави бозорӣ ва дар умум бо он ҳама имтиёзҳои хеш ба некӯаҳволии мардум равона карда шудааст.
Кодекси мазкур ба андозсупорандагон имтиёзи бештаре дода, ҳамзамон ба фаъолияти озоди соҳибкорӣ марҳилаи нав ворид менамояд, ки онро метавон як навъ содасозии ҷараёни муомилоти андозсупоранда ва мақомоти андоз номид. Аз ҷониби дигар, он қадами устувор дар самти муосири андозбандиву андозсупории ҷаҳонӣ мебошад.
Ҷиҳати рақамикунонии бомароми иқтисодиёти миллӣ ва ташаккул додани заминаи технологии он ба истеҳсолоти соҳаи алоқа тақвият бахшида, гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ ва хизматрасонии рақамӣ дар ҳама соҳаҳо таъмин карда мешавад.
Дар сиёсати имрӯзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи асосиро дастгирии ҷомеа баҳри некӯаҳволии аҳолӣ баръало мушоҳида намудан мумкин аст ва ин ба анъанаи давлатдории миллии мо табдил ёфтааст, ки аз ташаббусҳои Пешвои миллат мебошад. Яъне, Роҳбари давлат ба таври доимӣ ҷаҳду талош менамоянд, то сокинони мамлакат ба зиндагии шоиста ва сатҳи баланди он шарафёб гарданд, ки ин ҳолат ҳатто дар мамлакатҳои пешрафтаи дунё ҳам дида намешавад ва ин аз дилсӯзиву башардӯстии Пешвои миллат шаҳодат медиҳад.
Аз ҷумла, дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба дастгирии рушди соҳаҳои мухталиф сухан ронда, таъкид намуданд, ки «ҷиҳати рушди соҳаи пиллапарварӣ ва шоҳиву атласу адрасбофӣ, ки барои таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ, бахусус, барои занону бонувон имконият медиҳад, сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст истифодаи самараноки имконияти мавҷударо таъмин намоянд.
Дар робита ба ин, замини тутзор ба муддати 10 сол аз пардохти андози ягонаи замин, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғуланд, аз пардохти андозҳо пурра озод карда шаванд».
Дар панҷсолаи оянда то таҷлили 35–солагии истиқлолияти давлатӣ соҳаи захираҳои бузурги ашёи хоми ватанӣ имконият медиҳад, ки тавассути коркарди маъдан, аз ҷумла металлҳои рангаву қиматбаҳо, инчунин маҳсулоти кишоварзӣ ва растиниҳои шифобахш якчанд соҳаҳо комилан рушд намуда, вобастагиро аз бозори беруна кам намоянд.
Ҳамин қадар хулоса намудан мумкин аст, ки бо эълон кардани саноатикунонии мамлакат ва рушди панҷсолаи он метавонем, ки дар рушди иқтисодиёти мамлакат саҳми назаррас гузорем ва аз ҷониби дигар, бо сабукиҳои овардашуда дар Кодекси нави андоз метавон аҳолиро бо ҷойҳои нави корӣ таъмин намуд.
Дар маҷмӯъ, метавон ба ҳамин хулоса расид, ки Кодекси нави андоз ба талаботи замони муосир ва бозори ҷаҳонӣ мутобиқ карда шуда, метавонад барои сокинони мамлакат имконияти нав баҳри оғози фаъолияти ҷадид бошад.