Нашри мақолаи профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар нашрияи вижаи “Минбари халқ”

Мақолаи ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ таҳти унвони “ҲХДТ маҳсули андешаи Пешвои миллат” дар нашрияи ҷумҳуриявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Минбари халқ”, ки бахшида ба Анҷумани 15-уми ҲХДТ нашр гардидааст, ба табъ расид.  Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз рӯзҳои нахустини фаъолияти ҳизб ёдрас шуда, таъсис ва фаъолияти онро ба риштаи таҳлил кашидааст. Мавсуф фаъолияти ХҲДТ-ро дар 30 сол пурсамар ва муҳим арзёбӣ намуда, онро бароварандаи ормонҳои халқ унвон додааст.

Ёдовар мешавем, ки ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз олимони фаъол ва сермаҳсул буда, роҷеъ ба ҳаёти сиёсӣ ва авзои иқтисодии кишвар пайваста мақолаву осори илмӣ ба нашр мерасонад ва дар ин ҷода муваффақияти бештар дораду шогирдони зиёдеро низ тарбия намудааст.