Олимони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шахсияти Шамсиев Рауф., Қобилов Валӣ., Ҳоҷибоев Д., Муҳиддинов Қ бахшида ба эълон гардидани Солҳои рушди саноат дар ҷумҳурӣ луғати тафисирие барои фанни масолеҳшиносӣ таҳти унвони “Луғати русӣ-тоҷикии тафсирӣ аз фанни масолеҳшиносӣ ва ТМК” таҳия ва нашр намудаанд, ки ба миқдори 100 нусха ба китобхонаи донишкада ворид карда шуд. Луғати мазкур яке аз муҳимтарин тафсирҳо барои истифода ва фаҳми истилоҳоти фанни масолеҳшиносӣ ва ТМК мебошад. Қайд кардан зарур аст, ки дар луғати мазкур асосан истилоҳоти масолеҳшиносӣ ва ТМК, ки бештар дар амалия истифода бурда мешаванд, гирд оварда шудааст. Маводи методии “Луғати тафсирӣ” мувофиқи талаботҳои стандарти давлатии омӯзиши фанни масолеҳшиносӣ ва технологияи масолеҳи конструксионӣ омода карда шудааст. Бинобар ин луғати тафсирӣ ба сифати маводи ёрирасони таълимӣ барои донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои техникӣ ва муҳандисон, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият менамоянд, истифода шуда метавонад. Ёдрас мешавем, ки ин фарҳанги тафсирии мазкур зери назари профессори донишкада, декани факултети электромеханика Қозиев Камолуддин ба табъ расидааст.