Тибқи анъана ҳамасола дар донишкада барои тақвияти дониши донишҷӯён ва комил намудани малакаи онон таҷрибаомӯзӣ гузаронида мешавад. Аксарияти таҷрибаомӯзиҳои донишҷӯён ва хатмкунандагони донишкада дар заводу фабрикаҳо ва кохонаҳои саноатӣ мегузаранд, ки ин гуна имкониятро дар ҷумҳурӣ танҳо Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дорад.
Тибқи нақшаи раванди таълими донишкада, таҷрибаомӯзии таълимӣ-шиносоӣ барои донишҷӯёни бахши 2, аз санаи 17.05.2021 то 29.05.2021с. гузаронида мешавад.
Имрӯз, таҷрибаомӯзии таълимӣ-шиносоӣ барои ихтисосҳои 5102 01 – корҳои маршейдерӣ ва 700201- 06 -сохтмони зеризаминӣ ва шахтаҳо, ки таҳти роҳбарии роҳбари таҷрибаомӯзии ихтисосҳои болозикр Боев Муродбек Бекмаҳмадович мебошад, дар кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ баргузор гардид.
Роҳбари таҷрибаомӯзӣ Боев М.Б. таҷрибаомӯзонро бо қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва барномаи таҷрибаомӯзӣ шинос намуда, нақша- чорабиниҳои ҳаррӯзаи барои гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимӣ- шиносоӣ, ки аз тарафи роҳбари таҷрибаомӯзӣ тартиб дода шудаасту мудири кафедра тасдиқ намудааст, шинос намуд.
Мақсади асосии гузаронидани таҷриомӯзии таълимӣ-шиносоӣ барои ихтисосҳои ихтисосҳои 5102 01 – корҳои маршейдерӣ ва 700201- 06 – сохтмони зеризаминӣ ва шахтаҳо бо таҷҳизотҳои геодезӣ – маркшейдерӣ шинос гардонида, бо истифода аз онҳо ҳалли масъалаҳои муҳими соҳаи муҳандисии саноати кӯҳкориро ба монанди тартиб додани нақшаҳои топографӣ, муайян намудани релефи маҳал, ҷудо намудани сарҳад ва тартиб додани лоиҳаҳои рушди корҳои корхонаҳои кӯҳӣ мебошад.