Зафари Сӯфӣ, муассиси ҳафтаномаи “Озодагон” ҳасратномае бо сарлавҳаи “ ВАҚТЕ ҲАМА РОҲҲОРО МЕБАНДАНД… НАШРИЯИ “ОЗОДАГОН” АЗ ЧОП БОЗМОНД” дар сомонаи Ахбор. Ком ба нашр расонидааст.
Хуб агар ба таърихчаи ин нашрия назар афканем, ҳануз соли 2008 ба номи “Озодагон” баъди бозгашти Зафар Суфӣ аз Эрон газета нашр шуд. Маблағ аз куҷо буд, маълум охундҳои эронӣ. Сониян, дар шабакаи интернет варианти электронӣ нашр шуд, пойгоҳи хабарӣ. Аммо ҳадаф яке буд: ҳангомаҷуӣ.
Дар ҳамин ҳол Ахбор ком менависад, ки “ Зафари Сӯфӣ дар соли 2013 нақшаи ба роҳ андохтани як шабакаи телевизионии минтақавиро низ дошт, ки мебоист барномаҳояш аз шаҳри Бишкек пахш мешуд, вале таҳти фишори мақомоти Тоҷикистон ин нақша ҷомаи амал напӯшид.
Зафари Сӯфӣ баъди зери фишор қарор гирифтанаш дар соли 2015 тарки Тоҷикистон кард ва чанд сол дар Русия ба сар бурда, ахиран ба яке аз кишварҳои Аврупо паноҳ овард. Бо ин вуҷуд, ҳафтаномаи “Озодагон” то як моҳи пеш дар Душанбе ҳамчунон чоп мешуд. “
Пас барои амалӣ шудани ин нақшаҳо маблағҳои ҳангуфт аз куҷо буд? Бозори реклама чандон фаровон нест. Худи муассиси нашрия берун аз Тоҷикистон аст.
Зафари Суфӣ мисли ҳамон боғбонест ки нахлаш бор надод ва санги маломатро ба дигарон ҳаво медиҳад.
Зариф Тошматов,
омузгори кафедраи ФГИ-и ДКМТ