Дирӯз, аз рӯи нақшаи тасдиқгардида дар назди кафедраи геология ва корҳои нафту газ ҷаласаи маҳфили “Нафтчӣ” зери роҳбарии омӯзгори ҳамин кафедра Почоев Анӯшервон баргузор гардид.
Дар ин ҷаласа аъзои фаъоли маҳфил, донишҷӯи бахши 2 ихтисоси 510202 – Коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ Павлов Тимур оид ба мавзӯи « Истиҳроҷи нафтҳои вазнин дар ҷануби Тоҷикистон » баромад намуда қайд намуд, ки мавзуи мазкур ҷиҳати илмӣ дорад. Коркарди конҳои нафту газ – самти асосии ихтисоси 510202 – коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ мебошад. Дар маъруза, маълумотҳо оид ба хусусиятҳои физикӣ-кимиёвии нафтҳои дар Тоҷикистони шимолӣ, нафтҳои дар ҷануби Тоҷикистон ва умум дар ҷаҳон истиҳроҷмешуда, таснифоти нафтҳо, нишондиҳандаҳои истиҳроҷи нафт дар ҷануб ва шимоли Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Ҳангоми баромад, ба донишҷӯён маълумотҳо оид ба хусусиятҳои нафтҳои ҷануби Тоҷикистон, ки аз тарафи ширкати ҶСК “Тоҷикнафт” истиҳроҷ карда мешавад пешниҳод карда шудааст.
Пас аз баён намудани мавзӯи зерин, роҳбари илмии донишҷӯ, омӯзгори калони кафедраи геология ва корҳои нафту газ Ибрагимов И.М. доир ба мавзӯи зерин илова намуданд, ки аз рӯи таснифот, нафтҳои ҷануби Тоҷикистон ба категорияи миёна ва вазнин доҳил мешаванд. Бинобар ин, дараҷаи истиҳроҷи нафт дар ҷануби Тоҷикистон нисбат ба захираҳои тасдиқ карда шуда хеле паст мебошад.
Дар охири маърӯза пешниҳод намуданд, ки омӯзиши мавзӯи мазкур асосан дар самти коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ самаранок мебошад. Ҳангоми баромад аз тарафи донишҷӯёни иштирокдошта хеле пешниҳодҳои навовар оиди масъалаи асосии маърӯза шунида шуд.