Дирӯз, як гурӯҳи корӣ аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба шаҳри Бӯстон барои омӯхтани ҳолати кории ташкилотҳо ва кумиҷроияҳо омаданд. Гурӯҳи мазкур ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ташриф оварда, аз ташкилоти ибтидоии “Маърифат” дидан намуданд. Раиси Ташкилоти ибтидоии “Маърифат” Анварҷон Саидов меҳмононро пешвоз гирифта ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозимаро пешниҳод гардонид ва роҳбарияти гурӯҳ ба коргузории ташкилоти ибтидоии донишкада баҳои баланд дод.
Дар вохӯрӣ қайд карда шуд, ки бигзор ҳамаи ташкилотҳои ибтидоӣ барои як ташкилоти намунӣ буданаш коргузориро аз ташкилоти ибтидоии “Маърифат”-и ДКМТ омӯзанд.
Дар ҳайати гурӯҳи кории мазкур муовини КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Салимзода Мадина, мудри шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар вилоят Зоҳидов Фаррух ва намоянда аз КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Юсупова Манзура низ буданд.
М. Сайидзода