Намоишномаи «Кобил» ТТЭ ХНИ-ро махкум мекунад!

Чанде пеш имкони театрравӣ ба манн даст дод. Ин чо намоиши «Кобил» ба сахна гузошта шуд.

Лоиҳаи “Театр алайҳи терроризм” дар доираи барномаи давлатии “Мубориза бар зидди террроризм ва экстремизми байналмиллалӣ” бо дастгирии Дафтари ҳакмкории Швейтсария дар Тоҷикистон  ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо таҳияи спектакли “Қобил” дар асоси асари “Кайин”-и Ҷорҷ Байрон амалӣ мегардад.

Коргардони намоиш Авлиёқулӣ Хоҷақулӣ буда, муаллифи намоиш Нафас Шодмонов, тарҷумон Саидамин Ҷило аст

Нақши маркази Қобилро ҳунарпеша ва коргардони театру синамо Муҳиддини Музаффар бо як маҳорати хос офаридааст.

Аввалин бор дар саҳнаи театр овозхони эстрада ва шашмақом Дилноза Каримова бо иҷрои ду образ Ҳаво ва Иқлима баромад намуда, дорои истеъдоди актери доштани худро исбот намуд. 

Фарҳод Ғаффррпур ҳунарпешаи болаёкати театр ва синамо ҳамчунин ду нақш Одам ва Паканаро басо ҷолиб иҷро намудааст.

Нахустнамоиш санаҳои 4-5 сентябр дар толорҳои театрҳои шаҳрҳои Конибодому Хуҷанд баргузор гардид.

Мани донишӌӯй аз тамошои ин спектакл чунин маънӣ бардоштам, ки ҳаргиз бародар набояд бародари худро ба қатл расонад. Дунёи маънавии ӌавонон бояд ғанӣ бошад.

 

Шукур Хӯӌаев,

Донишӌӯи соли сеюми корҳои маркшедерӣ

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

ду × 4 =