Роҳи илм роҳи душвору пурмашақат аст ва фақат инсонҳои пурсабру таҳаммул ин роҳро интихоб менамоянд, то баҳри ҷомеа хидмате анҷом дода бошанд. Яке аз нафароне, ки ин роҳро интихоб намудаву талош меварзад, то ба насли ҷавон намунаи ибрат бошаду дар тарбияташон саҳм гузорад ва ҳама гуна шароитро фароҳам меоварад ин профессор Умарҷонов Абдусафо мебошанд. Дар даврони фаъолият дар Шӯрои олимон беҳтарин нафароне, ки дар паҳлӯи ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ шабонарӯзӣ меҳнат намуданд ба ҷуз аз деканҳову мудирон боз номи муовинони ректор профессор Насриддинов Замониддин, профессор Умарҷонов Абдусафо, дотсент Давлатов Давлатмаҳмад, собиқ муовин оид ба корҳои молиявӣ ва хоҷагидорӣ Ҷабборзода Муҳаммад ва муаллимаи арҷманд Аминҷонова Мавлударо метавон гирифт, ки пайваста баҳри беҳбуди донишкада саҳм гузоштанд ва албатта ҳама дар самти худ навгониҳо ҷорӣ намуданд. Профессор Умарҷонов Абдусафо низ ҳамчун муовини илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ тавонистанд, ки дар донишкада баҳри пешрафти илму инноватсия ва равобити хориҷӣ корҳои назаррасеро анҷом диҳанд. Вале банда бештар талош менамоям, то дар мавриди чанд муваффақияти дигари ин соҳа ва хидматҳои охири профессор Умарҷонов Абдусафо бигӯям. Албатта, пеш аз оне ки роҷеъ ба ин хидматҳои профессор Умарҷонов Абдусафо руҷуъ намоем, бояд ба волидайни ин олими ҷавон, шахсияти некнов ва поквиҷдон изҳори миннатдорӣ баён намоем, ки чунин фарзанди некро ба камол расонидаанд.
Профессор Умарҷонов Абдусафо аз олимони пуркор ва навгаро буда, бештари матлабҳояш дар маҷаллаҳои илмии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Аврупо ба нашр расидаанд. Умарҷонов Абдусафо имсол тавонистанд, ки бо ба таври комил фаъол сохатни академияи СDIO дар назди донишкада беҳтарин шароитро муҳандисони ҷавон муҳайё созанд. Ҳамчунин, бо талошҳои пайвастаи профессор Умарҷонов Абдусафо дар назди донишкада беҳтарин фаблаб, беҳтарин таҷҳизотҳо барои озмоишгоҳҳои донишкада ворид карда шуд, ки ин заҳмати андак ва кори саҳл нест.
Худи ҳамин рӯз аллакай як силсила компютеру лавозимоти техникӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии донишкада ирсол гардид, ки дар ин ҷода ҳам хидматҳои устод Умарҷонов А. басо назаррас мебошад. Умарҷонов Абдусафо имрӯз тавонист, ки дар як муддати кӯтоҳ барои донишҷӯён, аспирантон, магистрон ва олимони ҷавон шароите фароҳам оварад, ки ҳама хоҳишмандон тавонанд, роҳи илмро интихоб намоянд. Воқеан ҳам ба чунин омӯзгорон мо сипос мегӯем, ки баҳри насли фардо, баҳри беҳтар шудани шароит пайваста талош менамоянд, ки ин ҳам як навъ накӯкорӣ дар роҳи илм мебошад.
Ёдовар мешавем, ки профессор Умарҷонов Абдусафо аввалин 3D принтерҳоро ба донишкада ворид намуданд, ки имрӯз аллакай дар истифода қарор дорад ва насли ҷавон метавонанд аз он бемуҳобо истифода намоянд.
Ҳамеша муваффақ ва сарбаланду накӯном бимонед, муҳтарам Умарҷонов Абдусафо! Ин некиҳои Шуморо дар роҳи илм ва пешрафти донишкада ҳеҷ кас фаромӯш намесозад, профессор Умарҷонов Абдусафо!