Дар ҳеҷ як гӯшаву канори ҷаҳон зиндагӣ бе қонун ва меъёр вуҷуд надорад. Ҳар як давлат ва қавм қарору қоидаи худро дорад, ки вақте ба он ҷо қадам мегузорӣ ҳатман бояд онро риоя кунӣ. Лек ҳастанд тоифае, ки худро авбоши аз осмон афтида ҳисобида, дидаву дониста ба ҷомеа ва бар башарият хиёнат мекунанд, қонунҳоро риоя намекунанд. Мисоли равшани инро мо дар фаъолияти аъзоёни манфуру палиди ТТЭ ҲНИ дида метавонем.
Чанде қабл баёнияи раиси Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Миёна Илмҳоҷон Ёқубов нашр шуд, ки дар он Ёқубов аз боздошти узви фаъоли ТТЭ ҲНИ дар Қазоқистон Муҳаммад Тағоев нигарони намуда, аз мақомоти ин кишвар талаб кардааст, ки боздоштшудаи наҳзатиро ба Тоҷикистон истирдод накунад.
Албатта, ин гуна талошҳо ва ҳангомасозиҳо атрофи террористони наҳзатӣ ва махсусан хоинони миллати тоҷик хеле зиёд аст, аммо чӣ кунем, ки ин бадбахтони манфур ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд ва қонунҳои кишварҳоро нақз мекунанд ва баъдан боз талаби фаъоли сиёсӣ мекунанду аз кишвари мо домангир шуд, ки ин навъ корбарии наҳзатиёни манфурро як навъ баҳонаи халосӣ аз ҷавобгарӣ дар назди қонун номидан ҳам мумкин аст.
Зеро мо ҳамагон хуб медонем, ки Муҳаммад Тағоев ҳамчун фаъоли ТТЭ ҲНИ ва тарғибгари ғояҳои ифротӣ дар миёни ҷомеа шинохта мешуд, ки инро ҳамагон медонанд ва ин ки ӯ имрӯз қонунро вайрон кардаасту бояд дар асоси қонун ба ҷавобгарӣ кашида шавад, наҳзатиёни малъунро ба таҳлука афтондааст.
Ҳама мо хуб медонем ва дарк мекунем, ки дар ягон кишвари дунё чунин навишта нашудааст, ки барои наҳзатиёни малъун ҳама дарҳо боз аст ва онҳо чӣ хеле кӣ мехоҳанд сайру гашт мекунанд. Ин ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо макру найрангҳо аз кишвар фирор намуда, бо баҳонаи фаъоли сиёсӣ ба кишварҳори Аврупо паноҳ бурданд, ин охири кор буд ва ҳаргиз дигар чунин нахоҳад шуд барои наҳзатиён. Зеро ҷаҳониён имрӯз аз воқеияти ТТЭ ҲНИ ба хубӣ огоҳ гаштаанд ва террористони наҳзатиро дигар ҳамчун паноҳҷӯйи сиёсӣ намешиносанд, балки ҳамчун хатар ба амнияти ҷомеа қабул мекунанд, ки ин барои наҳзатиён дигар мушкил овардааст.
Ҳоло дигар наҳзатиёни малъун намедонанд, ки ба куҷо муроҷиат кунанд ва чӣ тавр макру найрангҳои сиёсиро ба кор бурда, аъзоёни манфурашонро ҳимоят кунанд. Зеро аксарияти давлатҳои ҷаҳон ТТЭ ҲНИ-ро ҳамчун созмони террористӣ ва хатарнок барои ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф кард ва ба рӯйи наҳзатиёни малъун муҳр зад.
Бояд зикр намуд, ки Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Миёна ҳам дар зери роҳбарии ТТЭ ҲНИ ва маблағгузории ҳамин наҳзатиёни малъун таъсис дода шудааст ва мақсадаш ба ҳар роҳе гумроҳ кардани мардуму ба ТТЭ ҲНИ аъзо кардан аст.
Ҳоло, ки раиси Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Миёна И.Ёқубови авбош талаби озодии як ифротиро кардааст, ин аллакай худ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Миёна дар фикри амният ва бехатарии ҷомеа ва махсусан муҳоҷирон нест, балки дар фикри ҳимояи манфиатҳои наҳзатиён мебошад, ки ин ҳам як навъ хиёнат ба ҷомеа мебошад.
Н. Саидов
омӯзгори ДКМТ