Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд.
Дар базми наврӯзӣ нахуст сардори раёсати таълим Осими Оқил суханронӣ намуда, навбати суханро ба ректои донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дод. Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳозиринро ба ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфта, аз фазилатҳои ҷашни Наврӯз, ҳикмати Наврӯз ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба расмият шинохтани Наврӯз, таъкид намуд, ки ин ҷашни аҷдодӣ таърихи куҳан дорад ва барои мо мояи ифтихор аст, ки имрӯз ҷаҳониён низ ин ҷашни бузургро дар баробари мо таҷлил менамоянд.
Сипас, барномаи фарҳангӣ -фароғатӣ бо ширкати сарояндагони мумтози вилоят манзури ҳозирин гардонида шуд.
Ҳамчунин дар ҷараёни барномаи фарҳангӣ раиси иттифоқи касабаи донишкада дотсент Давлатов Давлатмаҳмад, профессори кафедраи экология Розиқов Зафар ва собиқ ректори донишкада профессор Азизов Рустам суханронӣ намуда, ҳозиринро ба ҷашни бузурги Наврӯз табрику таҳният намуданд.
Ёдовар мешавем, ки омӯзгорону кормандони донишкада барои гузаронидани ин ҷашни аҷдодӣ саҳнаи зебову дидание бо анвои гуногуни хӯришҳо ва ҳафт сину ҳафт шин омода намуда буданд, ки хеле хотирмон ва ҷолиб буд.