Ҳамватанони азиз!
Омӯзгорони арҷманд!
Донишҷӯёни гиромӣ!
Боиси хушнудӣ ва фараҳ аст, ки мо дар фазои сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон Тоҷикистон ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ- иди аҷдодиро таҷлил менамоем.
Таҷлили ҷашни аҷдодӣ ва ҳамчунин риояи суннату фарҳанги Наврӯз барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ҳатмӣ буда, ин анъанаҳо аз қадим риоя мешавад.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни бузурги аҷдодӣ мақоми байналмилалӣ касб намуда, кунун дар тамоми ҷаҳон таҷлил карда мешавад.
Албатта, дар кишвари азизамон Тоҷикистон дар шаҳру навоҳӣ ҷашни Наврӯз бо анъанаву русуми хос таҷлил карда мешавад.
Тибқи оинҳои миллӣ дар мамлакат мардуми шарафманди тоҷик барои пешрафти кору баракати дасти деҳқон ва ҳамзамон дуо мекунанд ва маҳз пас аз оғози соли нави аҷдодӣ барои фаъолияти минбаъдаи худ нақша мекашанд. Ҳарчанд, гузаштани мо барои ба имрӯз расидани Наврӯз талошҳои зиёде намудаанду маҳз бо талошҳои онон имрӯз насли ҷавони кишвар аз ин ҷашни аҷдодӣ бебаҳра намонд.
Бо омадани Наврӯз миллати тоҷик либоси нав ба бар намуда, хони наврӯзӣ боз мекунад, то баракат аз Наврӯз то ба Наврӯзи дигар дар хонадонаш боқӣ монад.
Бори дигар бо истифода аз фурсати муносиб тамоми ҳамватанони азизро ба ин ҷашни аҷдодӣ табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон сиҳатмандиву саодатмандӣ, баракати рӯзгор ва хонаи ободро таманно менамоям.
Иди Наврӯзи байналмилалӣ хуҷаста бод!
Бо эҳтиром ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ