Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16-уми ноябр таҷлил карда мешавад, конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон-роҳсози саодати миллат” баргузор гардид, ки дар он муовини якуми раиси шаҳри Бӯстон Маҳмудзода Қ., раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуданд.
Муовини якуми раиси шаҳри Бӯстон Маҳмудзода Қ ҳозиринро аз номи раиси шаҳри Бӯстон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, аз муваффақиятҳои миллат ва рушди кишвар дар даврони роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфт. Ҳамчунин, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Миршакар Ҷалолзода роҷеъ ба талошҳои Роҳбари давлат ва хизматҳои он кас баҳри сулҳу осоиштагӣ ёдовар шуда, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ муҳим арзёбӣ намуд ва ҳозиринро аз номи КИ ҲХДТ табрику таҳният гуфт.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ таҷлили Рӯзи Президентро муҳим арзёбӣ намуда, онро барои миллат ва тамоми сокинони кишвар санаи муборак номиданд. Ҳамасола дар мамлакат 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад ва ин барои миллат санаи муҳиму муборак мебошад. Чунки маҳз дар ин рӯз фаъолияту талошҳои Президент ва дастоварду муваффақияти корашон таҳлил ва баррасӣ карда мешавад. Аз ҷониби дигар, таҷлили Рӯзи Президент — ин арҷгузорӣ ба хидматҳои бузурги шахсиятест, ки умри хешро сарфи роҳи ободиву осудагии Ватан ва хушбахтии миллат намудаанд.
Муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ дар интиҳо ҳозиринро ба Рӯзи Президент табрику таҳният намуда, ба ҳамагон комгориву саодат ва сарбаландиву ваҳдат таманно намуданд.
Ҳамзамон, дар конфронси имрӯза дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ Атоева К. ва муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ профессор Умарҷонов А.А. суханронӣ намуда, мулоҳизаҳои хешро оид ба Рӯзи Президент баён доштанд.
Дар интиҳои чорабинӣ ба иштироккунандагони олимпиадаи металлургҳо дар шаҳри Маскав туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Шуъбаи иттилоот