Маълум аст, ки ҳоло наҳзатиёни бадкеш ва ҳаромзодаву малъун дар кишварҳои Аврупо паноҳ бурда, кӯшиш мекунанд, то аз ҳамон ҷо истода бар алайҳи миллати тоҷик мубориза баранд, мафкураи ҷавононро тағйир диҳанд, кишварро хароб созанд. Наҳзатиён имрӯз дур аз кишвар зиндагӣ намуда, бо пули хоҷаҳои хориҷияшон кайфу сафо карда мегарданд. Аммо суоле ба миён меояд, ки ин пулҳо аз кадом ҳисоб пайдо шуданд?
Албатта, аз ҳисоби ҳамон хиёнатҳо ва ҳамон ваҳшониятҳое, ки наҳзатиён бар миллат мекунанд, маблағ ба даст меоранд ва ҳар як хиёнату душмании наҳзатиён бар миллат, ҳар як матлаби иғвобарангези наҳзатиён аз ҷониби хоҷагони хориҷияшон маблағгузорӣ мешавад, ки ин борҳо дар расонаҳо бо сабту далелҳо ба нашр расидааст.
Пас худ хулоса намоед, ки ин наҳзатиён кистанд?
Онҳо худро гоҳо ватандӯсту ғамхори миллат муаррифӣ мекунанд ва гоҳо ҳомии халқ, аммо дар асл бошад душмани разил ҳастанд ва бар алайҳи миллат мубориза мебаранд. Кӯшиш мекунанд, ки миллатро гумроҳ созанд ва аз хоҷагони хориҷияшон пулҳои зиёд ба даст оваранд. Наҳзатиён бештар дар зери ниқоб амалнамуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то чеҳраи аслии худро пинҳон доранду ба ҳамин роҳ ҷомеаро гумроҳ гардонанд.
Наҳзатиёни палид, имрӯзҳо ба хотири гумроҳ кардани миллат чандин сомонаҳои ифротиро дар шабакаи интернет боз намудаанд, ки мақсадаш ҳам гумроҳ кардани ҷомеа мебошад. Онон бо матлабҳои бардурӯғи нашрнамудаи худ, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то иғвобарангезӣ кунанд, фитнаандозӣ кунанду ҷомеаро ба роҳи бад баранд.
Нияту мароми наҳзатиён ҳам ин аст, ки бо нашр намудани тӯҳматномаҳо, матлабҳои иғвобарангез ҷомеаро ба гумроҳӣ баранд ва сипас аз пайи амалӣ намудани нақшаҳои бадкешонаи худ гарданд.
Ҳарчанд маълум аст, ки аз замони пайдоиши худ наҳзатиён талош мекунанд, то ҷомеаро ба гумроҳӣ баранд, кишварро хароб созанд ва худ бо маблағҳои ҷамънамудаи худ кайфу сафо намоянд.
Наҳзатиён ҳаргиз дар фикри беҳбуд ёфтани рӯзгори мардум нестанд ва ҳаргиз нияти нек шудани зиндагии миллатро надоранд, онон бештар кӯшиш мекунанд, то сатҳи зиндагии ҷомеа паст гардаду онҳо тавонанд гумроҳ созанд. Зеро агар миллат ҳам аз лиҳози маънавӣ ва ҳам аз лиҳози иқтисодӣ бой гардад, ҳаргиз сафсатаи наҳзатиёнро гӯш намекунад ва ҳатто ба рӯйи ин наҳзатиёни душмансират туф ҳам намекунад.
Ҳар як сафсатаву ҳарзаҳое, ки наҳзатиён имрӯз дар сомонаҳои ифротии худ ба нашр мерасонанд ба як ҷав намеарзад, зеро он суханони бардурӯғи наҳзатиёнро касе ҳам намехонад ва касе ҳам ба онҳо таваҷҷуҳ намекунад ва ҷуз худи наҳзатиёну хоҷаҳои хориҷияшон.
Аз ин рӯ, ҳар як шавҳрванди кишварро ҳар як ҷавони ватандӯстро лозим аст, то зиракии сиёсии худро аз даст надиҳаду фирефтаи душманони наҳзатӣ нагардад. Зеро хоинони миллат имрӯзҳо бо садҳо рангу намуд мебароянд ва пайваста кӯшиш мекунанд, то ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд.
Дилмуроди Вафо
мутахассиси шуъбаи иттилоот