Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ бахшида ба амалишавии Барномаи саноатикунонии босуръати кишвар баргузор гардид. Дар семинари мазкур ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо ва дигар омӯзгорону кормандон ширкат намуданд.
Ҷаласаро нахуст муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Умарҷонов Абдусафо ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба муҳимияти саноатикунонии босуръати кишвар ва амалишавии барномаи он сухан ронд. Сипас, омӯзгори кафедраи металлургия Фаридаи Амонулло роҷеъ маснуоти заргарӣ, профессор Мавлонов Маннон ровеъ ба барномаи экологӣ, омӯзгор Одинаев Ғаюр роҷеъ ба тарбияи ватандӯстӣ дар муассисаҳои техникӣ ва омӯзгор Ҳоҷибоев Д. роҷеъ ба технологияи мошинсозӣ, Эшонқулов Иномхон роҷеъ ба истифодаи технологияи муосир дар ҳамлу нақли борҳо суханронӣ намуданд.
Зимни шунидани маърӯзаҳо омӯзгорон суолҳо дода, дар баъзе ҳолат масъалагузорӣ низ намуданд.
Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба садорати факултети металлургия барои гузаронидани ин семинари сатҳи баланд изҳори миннатдорӣ баён намуда, ҳамчунин ба як қатор омӯзгорон Раҳматнома баён намуд.
Ҳамзамон ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ таъкид намуд, ки амалӣ намудани барномаи саноатикунонии босуръати кишвар моро аз бисёр мушкилоти иқтисодӣ мебарорад.