М. САДРИДДИН ҚАЛЛОБ ДАР ХОНАИ ЗАНБӮР

Ҳоло мебинем, ки қаллобе зери ҷомаи шариат ва қонуну сиёсат худро муаррифӣ намуда, даст ба гумроҳсозии ҷомеа задааст, ки ба мазҳака мемонад. Нахуст ин ки Муҳаммадиқболи Садриддин писари Мулло Қаландар (Мулло Қаландар падари М. Садриддин аз аъзоёни ТТЭ ҲНИ мебошад, ки дар Афғонистон бо ҳамин ном шинохта шудааст) як ифротӣ ва хоину хиёнаткор мебошад, ки ба хотири ба даст овардани чанд танга пул аз хоҷагони хориҷияш иғвобарангезӣ мекунад. М. Садриддин аз аъзоёни фаъоли ТТЭ ҲНИ буда, дар қаллобиву мардумфиребӣ дасти рости раиси ТТЭ ҲНИ М. Кабирии хоин мебошад.

М. Садриддин аввалҳо худро ҳамчун донандаи дину шариат муаррифӣ карда, таваҷҷуҳи ҷомеаро ба худаш ҷалб менамуд, сипас бо ҳамин роҳ даст ба қаллобӣ мезаду пулҳои мардумро аз худ намуда, талош мекард, то аз ҳамин ризқу рӯзӣ гузаронад. Аммо дере нагузашта ин қаллобиҳояш ҳам миёни маҳдуди фиребхӯрдагон ошкор шуд ва бо баҳонаи раҳоӣ ёфтан аз қарздорону фиребхӯрдагон, ки М. Садриддин пули онҳоро гирифта буд, ба Аврупо фирор намуд ва худро он ҷо ҳамчун паноҳандаи сиёсӣ муаррифӣ намуда, дар Аврупо паноҳанда шуд.

Дере нагузашта бо пири террористони наҳзатӣ М. Кабирии хоин ба Лоиҳаи террористии Ҳизби наҳзати ислом ҳамроҳ гардида, сомонаи ислоҳ.нет-ро ташкил кард, ки дар он фақат тӯҳматномаҳову матлабҳои бардурӯғро нашр менамояд. Ҳарчанд имрӯз худро ҳамчун ҳомии дину мазҳаб ва шариат муаррифӣ мекунад, лек дар асл ҳамаи ин як ниқоб мебошад. Навиштаҳои М. Садриддин ягон воқеият надоранд ва ҳамааш бофтаву сохта  мебошад, ки М. Саргин онро ба сомонааш ба чоп мерасонад, то ҷомеаро гумроҳ созад. Вале М. Садриддин, ки душмани миллати тоҷик, душмани сулҳу салоҳ дар кишвари мост, набояд фаромӯш созад, ки бо дурӯғҳои бепоя ва бофта ҳақиқатро пӯшонида намешавад.  Он чӣ М. Садриддин имрӯз барои гумроҳ намудани насли ҷавон  мебофаду пешниҳод мекунад ҳарзае беш нест ва бояд, ки насли ҷавон фирефтаи суханони ин хоини наҳзатӣ нагарданд.

Қаллобиву ҷинояткорӣ ва хиёнаткориҳои наҳзатиён ба таври комил ошкор гардидааст ва инро ҳамагон хуб медонанд ва имрӯзҳо ҳарзаҳои М. Садриддин ғунгоси занбӯр дар оғилхонаҳои наҳзатиро мемонад.

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ