М. САДРИДДИН ОДАМ БИШАВ АВВАЛ, ПАСОН ЗИ ОДАМӢ БИГӮ!

Ҳоло мебинем, ки бо дастрас шудани интернет  ва дигар имкониятҳои иттилоърасонӣ аъзоёни созмону ташкилотҳои ифротгарову тундрав фаъолияти ғайриқонунии худро тавсеа бахшида, барои гумроҳсозии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба сафи созмонҳои экстремистӣ-террористӣ талош меварзанд. Яке аз чунин созмони террористӣ, ки дар кишвари мо ва ҳудуи ИДМ фаъолияташ мамнуъ гардидааст, ТТЭ ҲНИ мебошад, ки имрӯзҳо раисаш бо дигар аъзоёнаш дар кишварҳои Аврупо зиндагӣ мекунанду аз ҳамон ҷо истода, аъзоёни хоинаш бар алайҳи миллати мо мубориза мебаранду нияти ҷавононро фирефта намуданро дар сар мепарваранд.

Яке аз чунин террористони наҳзатӣ, ки ному насабаш дар рӯйхати сиёҳи кишварҳои ҷаҳон ҳамчун террористи хавфнок қайд гардидааст Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, ки имрӯзҳо сомонаи ислоҳ. нет-ро таъсис  дода, мехоҳад фаъолияти душманонаву хоинаашро идома диҳад. М. Садриддин ин шабу рӯз бештар дар сомонаи ифротияш аз номи мардум ҳар гуна тӯҳматномаҳо бофтаву талош мекунад, то онро аз номи мардум ҳамчун нома ба чоп расонад, ки асло ба ҳақиқат рост намеояд. Зеро он чӣ дар ба ном “мактубҳо”-и М. Садриддин гуфта мешаванд ягон асоси воқеӣ надошта ҳамааш бофтаву сохтаи тахайюлии ӯ мебошанд. 

Ба маълумоти хонанда мерасонем, ки аввал М. Садриддин ҳамчун диндор ва донандаи дин дар сомонааш маълумотҳои ҷудоиандозӣ ва ифротгароёнаро ба чоп медоду касе бовараш намекард ва маҷбур шудааст, ки имрӯз шеваи корашро иваз намуда,  ба нашри чунин матлабҳо, ки гӯё мардум фиристода бошанд пардохтааст. Яъне аз ин мебарояд, ки дигар Муҳаммадиқболи Садриддин аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ-экстремистии наҳзатро мардум бовар намекунанду шинохтаанд, ки барои кадом душмани миллат кор мекунад ва ҳамин аст, ки ин шабу рӯз аз ҳар шева кор мегирад, то барои хоҷагони хориҷияш ҳисобот диҳаду маблағ ба даст оварад.

Аммо як нуктаро М. Садриддин набояд фаромӯш созад, ки бо лаҳни гуфтори душманонаву дағалона, танқидҳои авбошона ва рафтори ғайриинсонӣ намешавад ба мардум муроҷиат карду проблемаҷӯйӣ кард. Он чӣ дар навиштаву гуфтаҳои М. Садриддин дида мешавад, саропо аз бадбиниву кинаву адоват ва бадбинии озодиву истиқлолияти ҷомеа пур мебошад ва ин албатта хоиниву ҷосусии М. Садриддин ва дигар наҳзатиёнро боз ҳам ошкортар менамояд.

Аз ин рӯ, ба Маҳмадиқболи Садриддин гуфтани ҳастем, ки кишвари мо дар як муддати кӯтоҳ хеле рушд кардаву сатҳи зиндагии мардум хушбахтона хеле беҳтар гардид, ки инро тамоми ҷаҳон бо чашми худ мебинаду ҳатто сайёҳон мафтуни манзараву хиёбонҳои зебову дилкаши он гардидаанд, ки инро фақат чашми одами солим мебинад. Ба ҳамин хотир маслиҳат медиҳем, ки М. Садриддин ту аввал одам шав, рафтори одамиро биомӯз, чашм бикшову бубин ин ҳама пешрафту ободии кишвари моро ва баъдан ҳарф зан! Зеро одам нашуда, чӣ тавр ту нашармида аз ҳаёти одамӣ гап мезанӣ ?

Меҳвар Абдусалом

омӯзгори ДКМТ