М. САДРИДДИН-ДУШМАНИ МИЛЛАТ ВА ҚАЛЛОБИ БЕВИҶДОН

Дурӯғ, рӯсиёҳӣ, дурӯягӣ, кина ва боз чандин сифатҳои пасти инсониро метавон ёдрас шуд, ки симои инсонро, дилу нияти инсонро, воқеияти инсонро бароямон ошкор менамоянд. Инсоне, ки дорои ин хислатҳои зишт аст, аз ягон роҳи бад намегардад ва ҳар куҷо лозим шуд садҳо дурӯғи дигар мегӯяд, садҳо афсонаи дигар мехонад. Аммо насли ҷавон бояд ҳаминро донад, ки дурӯғгӯ ва пастфитрату дурӯя ҳаргиз рост намегӯяд ва ҳаргиз ҳақиқат намегӯяд. Дур намеравем ва як назаре ба рафтор ва гуфтори аъзои ТТЭ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддин меандозем, ки чӣ тавр бо дурӯягиву фиребгарӣ дасисабозӣ мекарду  бо дурӯғҳояш мардумро гумроҳ кардан мехост. Гоҳ худро мусалмону гоҳ донандаи шариат мегирифту гоҳ аз ҳаққи мардум мегуфт, аммо маълум шуд, ки ин ҳама ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа асту бештар барои манфиати худаш ин гуна воҳима мекардаасту дар асл бошад, як қаллоб мебошад.

Аз рӯйи аризаи шикоятии се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар шаҳри Дубай Муҳаммадиқболи Садриддин фиреб додаасту 430 ҳазор долларашонро гирифта, барнагардонидааст, Прокуратураи генералии ҶТ парванда боз кардааст. Изҳороти Прокуратураи генералии ҶТ дар робита ба ин қазия дар сомонаҳо нашр шуд. Дар он омадааст, ки М. Садриддин ҳамон домуллои наҳзатӣ ва хоини ватанфурӯш бо овардани ҳадису ояҳо аз дин ба боварии ин се нафар шаҳрванди кишвар даромада аз он маблағро гирифтааст. Албатта, мисли одатҳои ҳамешагии наҳзатиён бо макру ҳилла ва найранги наҳзатӣ.  Вале чизи дигаре, ки моро дар тааҷҷуб гузошт, ин дурӯягиву дурӯғгӯйии Муҳаммадиқболи Садриддин буд, ки пас аз нашри изҳорот зуд навор  омода намуда, аз найрангҳои наҳзатӣ истифода карда, бар муқобили аризадиҳандагон баромад кард, ки ин хеле хандаовар менамуд. Чунки аллакай гунаҳкор  ошкор шуда буду, маълум буд, ки Муҳаммадиқболи Садриддин 3 нафар шаҳрванди кишварро фиреб додааст, пулҳоро аз худ кардаву барнагардонидааст,  аммо  боз нашармида бардурӯғ навор сабт кардааст, ки пастфитративу бевиҷдонияшро нишон медиҳад.

Наход Муҳаммадиқболи Садриддин, хоин ва террористи ватанфурӯшро виҷдонаш азоб надиҳад?

Ё то ба ин ҳад  наҳзатиён пӯстғафсу дурӯяву ҳаромхӯр мебошанд, ки ҳатто пули мардумро гирифта инкор мекунанд, ки нагирифтаем?

Магар қаллобӣ аз ин зиёд мешавад?

Ё ин ки Муҳаммадиқболи Садриддин ҳамон наҳзатии пастфитрат ва палид, ки дар интернет аз дину шариат ва ҳарому ҳалол сухан мекунад, намедонад, ки  ҳаққи мардум хӯрдан, аҳд шикастан амали нодурусту номардона аст?

Магар ҳамин ҳамин дурӯягиву қаллоби худ бар хилофи гуфтаҳои дин нест?

Акнун ошкор мешавад, ки ҳам Муҳаммадиқболи Садриддини хоин ва ҳам дигар наҳзатиёни бешуур дину шариатро барои худ бозича кардаанду бо истифода аз дин мардумро фиреб медиҳанду бозори нафси бади худро гарм кард, ки ин амал ҳам душманӣ бар дину шариат аст ва ҳам ва ҳам хиёнат бар мардуми мусалмон!

Ҳамин гуна амалҳои зишту ғайриинсонӣ ва ҳамин гуна аз дин ба манфиати шахсии худ истифода кардани наҳзатиён низ гувоҳ аз он аст, ки дар ҳақиқат аъзоёни ТТЭ ҲНИ шохаи созмонҳои террористӣ ҳастанду бар насли башар душманӣ меварзанд.

Дилмуроди Вафо

таҳлилгар, ДКМТ