Нафаре худро донандаи дину шариат ҳисобида, талош мекард, то дар ҷомеа ғояҳои ифротиро тарғиб созад ва ҳамин шеваи корашро идома медод. Аммо андак дертар маълум шуд, ки ҳамин донандаи дин ва ҳамин ҳомии шариат як қаллобу фиребгар будааст. Ин ном ба ҳама ошност ва ҳамагон хуб медонанд, ки М. Садриддин як нафар террористи наҳзатӣ, ки имрӯзҳо ба хориҷи кишвар фирор намудаасту аз он ҷо сафсата мехонад, фиребгару қаллоб ва ҳаққи мардухӯр мебошад.
Ин ҳама суханрониву шариату дин гуфтанҳои М. Садриддин ба хотири гумроҳ гардонидани ҷомеа ва фиреб додани мардум мебошад. Зеро ҳамагон хуб медонанд, ки ин муллои наҳзатӣ ва қаллоби гузаро бештар аз деги фиребу найранги наҳзатӣ баҳра бурдаасту мақсадаш ҳам хиёнат бар тамоми ҷомеа мебошад.
Фирбе додани 3 нафар шаҳрванди кишварро дар хориҷ кишвар М. Садриддин чунон моҳирона кашидаву анҷом додааст, ки кас ба ҳайрат мемонад. Яъне боз аз дин ва ҳадис истифода кардаасту тоҷиконро фиреб додаасту пулҳояшонро аз худ кардааст. Воқеан ҳам наҳзатиён дар макру ҳилла ва найрангу дасиса ҳамто надоранд ва ин амали М. Садриддинро ҳам мешавад идомаи ҳамон фиребкориву хиёнатҳо донист.
Чунки қаллобии М. Садриддин ин дафъа ҳамагонро ба ҳайрат овард, чунки 430 ҳазор доллар ҳам пули кам нест ва ин ҳанноти наҳзатӣ боз аз ҳамон формулаи кӯҳнаи наҳзатӣ аз дин истифода кардаасту пулҳоро аз худ намудааст, ки бисёр ҳам амали зишт ва номардона мебошад.
Ҳамин тавр дигар маълум шуд, ки сабаби ба Аврупо фирор кардани М. Садриддин ҳам сиёсӣ набуда, балки пулҳои азхудкардааш аз номи мардум мебошаду дигар халосиро ин авбош дар роҳи фирор дидааст. Воқеан ҳам пас аз ин амал чеҳраи аслии хоинони наҳзатӣ ва М. Садриддини террорист ошкор шуд.
М. Абдусаломов
омӯзгори ДКМТ