М. САДРИДДИНИ БЕШАРАФ ТАРБИЯГИРИФТА АЗ МУҲИТИ ИФЛОСӢ НАҲЗАТӢ МЕБОШАД

Сахт агар, фарзанд дар муҳити бад тарбия ёбаду ба хона доғ орад ва ин ҳолат инсони комилро сахт нороҳат менамояд, аммо иддае ҳастанд, ки ононро ин ҳолат нороҳат намекунад ва баръакс шод менамояду худ фарзандонашонро дар ҳамин рӯҳияи нодуруст тарбия менамоянд, ки бар мисоли ин гуна метавон аъзоёни Ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати исломиро  мисол овард, ки аксарияташон фарзандонашонро дар ҳамин рӯҳияи нодуруст ба воя мерасонанд.  Наҳзатиёни хоин ва хиёнаткор, ки номуси инсонии худро фурӯхтаанд аслан, ҳатто андешаи онро намекунанд, ки рӯзе фарзанди дар муҳити террористиву ифротгароӣ тарбия намудаи онон бар насли башар доғ меораду ҷомеаро бадном мекунад.

Чӣ тавре, ки имрӯз худи онон даст ба чунин ноадолатӣ зада бар алайҳи миллат мубориза мебаранду дасисабозӣ мекунанд, ба хотири манфиати хоҷагони хориҷияшон, ки ин хиёнат мебошаду тарбия намудани фарзанд дар ин рӯҳия дигар носипосӣ ба насли башар мебошад.

Ҳар як наҳзатии террорист имрӯз фарзандонашро дар рӯҳияи бадбинӣ, хоинӣ, хиёнаткорӣ ва қаллобӣ тарбия месозад, ки бисёр ҳам иштибоҳи бузург мебошад. Чунки хиёнат бар миллат ин хиёнати нобахшиданисту оқибати хуб надорад ва миллат ҳатман рӯзе ба ин муносибати душманонаи наҳзатиёни террорист посух хоҳад дод, ки он дандоншикан бувад.

Яке аз чунин бешарафони оилаи наҳзатӣ ва мисоли равшани наҳзатӣ М. Садриддини террорис т мебошад, ки даст ба иғвобарангезиву дасисабозӣ мезанад,  ки ин амал хоси инсон нест ва ҳамин худ нишонаи бешарафиву бетарбиягии наҳзатиёни  хиёнаткор мебошад.

Дилмуроди Вафо

таҳлилгар, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон