Чандест, ки сомонаҳои ифротии аз ҷониби наҳзатиён таъсисдодашуда, ки шуморашон ҳам он қадар зиёд нест, бештар ба таърифи террористи рақами 1-и ҷаҳон роҳбари наҳзатиёни манфур ва касиф М. Кабирӣ пардохта талош мекунанд, то аз ӯ ҳамчун як ватандӯст ва ғамхори миллат чеҳра созанд. Аммо чӣ кунем, ки Кабирии ба ном “ғамхори миллат” ва “ватандӯст” на дар фикри оромиву осудагии миллат, балки дар андешаи хароб намудани вазъи кишвар мебошаду борҳо бо амалҳои ношоистаи худ инро исбот намудааст.
Ҳамин ҳамкорияш бо созмонҳои террористии “Бародарони мусалмон” ё “Ихвон-ул-муслимин”, “Давлати исломӣ”, “Толибон” худ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ниҳоди М.Кабирӣ гумманизм вуҷуд надорад ва мақсадаш ҳам хиёнат бар аҳли башар мебошад. Ин ҳам берун аз хиёнатҳо ва даҳшатҳои овардаи ТТЭ ҲНИ дар давраҳои гуногун бар сари миллати тоҷик мебошад. Соли 2015 М.Кабирии манфур ва террорист дар ҳамкорӣ бо рафиқу шарики ифротияш генерали гумошташуда Назарзода кӯшиши баргузор намудани табаддулотро дар кишвар намуда, шӯриш барангехт, ки хушбахтона ноком шуд ва пас аз ин ба хориҷ фирор намуд, то аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дар назди қонун эмин монад. Пас чӣ гуна метавон чунин афроди беномус ва носипосро, ки нияти ноором кардани ҷомеаро дар дил мепарварад, ватандӯст номид?
Дар ҳеқ куҷое дунё исбот нашудааст, ки террорист бар нафъи ҷомеа кор кунад ва ин наҳзатиён ҳам бо роҳбарии М.Кабирии террорист ҳаргиз барои миллат ғамхор нахоҳанд буд. Зеро ин наҳзатиён зархарид гардидаанд, ки асло аз фармони хоҷаи хориҷияшон берун нахоҳанд баромад ва ҳамин аст, ки пайваста нияти душманӣ бар миллатро мепарваранду имрӯзҳо аз хориҷи кишвар истода, баҳри гумроҳсозии ҷомеа талош меварзанд.
Ҳамин аст, ки гоҳу ногоҳ ин ҳаромзодаи наҳзатӣ ва душмани манфури башарият Кабирии палид дар хориҷ аз кишвар бо маблағгузории хоҷагони хориҷияш чандин созмонҳои ифротиро таъсис додаасту чандин сомонаҳои ифротиро роҳандозӣ намудааст, ки ҳамаи ин сомонаҳо баҳри гумроҳ намудани ҷомеа матлаб нашр мекунанд. Ва дидан мумкин аст, ки дар навиштаҳои ин манфурон асло ҳақиқат вуҷуд надорад ва ҳамааш бардурӯғ ва бо мақсади иғвобарангезиву дасисабозӣ навишта шудааст.
Пас чӣ гуна метавон як дасисабоз, ҳаннот, дурӯғгӯву дурӯяро ватандӯст номид?
Дар ҳоле, ки ҳамаи ҷинояту хиёнатҳои М.Кабирии бешараф ва душмани миллат исбот шудаасту ҷомеаи ҷаҳонӣ ӯро хеле барвақт ба рӯйхати террористону афроди хавфнок бар башар ворид сохтааст.
Аз ин рӯ, ҳар як насли ҷавон ва худогоҳро лозим меояд, то фирефтаи суханони ин маккорону ҳиллагарони наҳзатӣ нагарданд, зеро ин душманон ва хоинони наҳзатӣ асло нияти нек дар дил надоранд ва мақсадашон ҳам хиёнат бар ҷомеаи кишвар мебошад.
Дилмуроди Вафо
таҳлилгар, ДКМТ