М. КАБИРИИ ХОИН МАНФУРТАРИН ТЕРРОРИСТ

Агар дар бораи хиёнаткорони ҷаҳон суҳбат кунем, ҳатман дар бораи Кабирии хоин ҳам он ҷо чанд сухан пайдо мешавад. Имрӯз, чӣ хеле ки медонем ҳамаи хоинони наҳзатӣ ба хотири фиреб додани миллат аз ҳар гуна шева кор мегиранд ва бештар талош мекунанд бо таҳқири Ҳуқумат ва дастовардҳои замони истиқлолият мақсадашонро амалӣ созанд. Яъне, наҳзатиён бо бофтани дурӯғу туҳмат мехоҳанд насли ҷавонро фиреб диҳанд ва бо ҳамин восита мақсадҳои нопоки худро амалӣ гардонанд. Саркардаи хоинони ватанфурӯши наҳзатӣ М. Кабирии террорист мебошад. Ҳоло дар рӯйхати террористони хатарнок М. Кабирӣ ҳам ҳаст ва феълан фирорӣ мебошад. М. Кабирӣ ба хотири содир намудани ҷиноятҳои зиёд аз кишвар гурехт,  то аз ҷавобгарии ҷиноятӣ раҳо шавад. М. Кабирии хоин аз сарсахттарин душманони миллати тоҷик мебошад, ки ба хотири амали намудани мақсадҳои нопоки хоҷагони хориҷияш ҳоло макру ҳилларо пеш гирфита, кӯшиш мекунад, то насли ҷавонро, ки аз ҳақиқати террористии наҳзатиён кам огаҳӣ доранд ба доми фиреби худ кашад.

Кабирӣ аз манфуртарин афродест, ки ҳатто ба Ватану миллаташ хиёнат мекунад, то маблағ ба даст орад. Кабирӣ аз беномустарин афродест, ки ҳатто ба хотири пул дар ҷанозаи волидайнаш иштирок накардааст. Кабирӣ аз бешарафтарин афродест, ки ба хотири фиреб додани миллат аз дин сӯистифода мекунад.

Кабирӣ хоинтарин нафарест, ки ӯро ҳам шайтон мегӯянду ҳам сардори сардорони шайтончаҳои наҳзатӣ.

М. Кабирии хоин ва бешараф ҳоло дар фикри фиреб додани ҷавонон мебошад, то онҳоро мисли саркардаҳои наҳзатӣ фиреб диҳаду дубора бар алайҳи миллати худ ба ҷанг хезонад, ки ин хиёнат ва душмании маҳз мебошад.

Аз ин рӯ, ҷавонон бояд огоҳ бошанд, ки М. Кабирии террорист мақсади нопок дорад ва ҳадафаш ҳам амали намудани лоиҳаи солҳои 90-ум дар ватани мо мебошад, ки мо ҷавонон бояд ба ин чиз роҳ надиҳем.

Дилмуроди Вафо

таҳлилгар, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон