МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ АРЗИШМАНДИ ТАЪРИХӢ

Семинари илмӣ-назариявӣ дар дораи нақшаи тадбирҳои кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоии донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар мавзуи “Аз таърихи шуриши Маҳмуди Торобӣ”  бо иштироки профессор Муллошо Давлатов доир гардид, ки бо маърузаи илмӣ баромад намуданд.  Дотсентҳои кафедра устодон Р.Изаттулоев, М.Мирзоахмедов ва И.Абдуллоев оид ба асари тозанашри доктори илмҳои таърих, профессор Муллошо Давлатов “Аз таърихи шуриши Маҳмуди Торобӣ”   андешаҳои худро иброз доштанд.  Рисолаи таърихии мазкур дар хештаншиносии мардуми тоҷик нақши бориз мебозад. Мушоҳидаҳои таърихии профессор Муллошо Давлатов мавриди таваҷҷуҳи шогирдону устодон гардид.

Лозим ба ёдоварист, ки устоди муаррих Муллошо Давлатов аз сентябри соли 2018 дар кафедраи фанҳои гуманитари-иҷтимоии донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон ба сифати омузгори соҳибтаҷриба шогирдонро сабақ меомузонанд.