МУҲАНДИСОН БА КАМОЛ РАСИДАНД

Дар доираи ҳамоиш – машваратӣ ба муносибати  ҳадафи чорӯми миллӣ – саноатикунонии кишвар таҳти унвони «Аз мутахассиси болаёқат – рушд ёбад саноат» дар  Донишкадаи куҳӣ – металлургии Тоҷикистон  баробари хатмкунандагону устодон намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд, Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони коррхонаи  соҳавӣ – саноатии вилояту ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

          Бояд тазаккур дод, ки ҳамоиш – машварати  мазкур дар доираи татбиқи шартномаи ҳамкориҳои дуҷонибаи донишкада  бо корхонаҳои соҳавӣ – саноатӣ   бо мақсади таъмин намудани хатмкунандагон бо ҷойи кор ва боз ҳам тақвият додани чунин  ҳамкориҳои судманд  сурат гирифт.

Ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишкада аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз дастуру супоришҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Бӯстон, ки аз Паём бармеоянд, руҳу илҳоми тоза гирифта, баҳри тайёр намудани мутахассисони болаёқат, ватандӯсту худогоҳ  тамоми ҷидду ҷаҳди худро равона намудаанд.

Тавре ки маълум аст бо пешниҳоди Пешвои миллатамон саноатикунонии босуръат  ва  аз мамлакати аграрӣ – саноатӣ ба мамлакати саноатӣ – аграрӣ гузаштан ҳадафи чорӯми миллӣ эълон гардид. Зеро чуноне, ки дар Паём дарҷ ёфтааст, танҳо саноатикунонии босуръати кишвар барои ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҷойҳои корӣ шароит фароҳам меоварад. Аз ин лиҳоз, татбиқи ҳадафи чорӯми миллӣ – стратегии кишвар дар назди муассисаҳои олии касбӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ алалхусус, корхонаҳои соҳавӣ – саноатии   куҳӣ – металлургии кишвар вазифаҳои муҳиму масъулиятнокро ба миён мегузорад. Вобаста ба таъкидҳои Сарвари давлатамон ва ҳадафи саноатикунонии кишвар  тайёр намудани мутахассисони болаёқат яке аз вазифаҳои муҳимтарини муассисаҳои олии касбӣ маҳсуб ёфта, дар таъмин намудани корхонаҳои  саноати куҳӣ – металлургӣ бо мутахассисони соҳавӣ Донишкадаи куҳӣ – металлургии Тоҷикистон  саҳми  арзанда мегузорад.

           Назар ба суханронии ректори ДКМТ дотсент М.Фозилзода айни замон хатмкардагони донишкада дар самтҳои гуногуни корхонаҳои саноати куҳӣ – металлургӣ фаъолият намуда истодаанд. Соли равон  донишкадаро 632 нафар донишҷӯёни шуъбаи рӯзона ва 82 нафар шуъбаи ғоибона дар маҷмӯъ 714 нафар  хатм менамоянд, ки аз ин шумора 15 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. 

          Баҳри тибқи талаботи замон тайёр намудани мутахассисон дар назди донишкада шуъбаҳои  магистратура,  доктарантура, Парки технологӣ ва Донишкадаи Конфутсий фаъолият менамоянд. Инчунин, дар назди 8 корхонаи соҳавӣ саноатӣ филиалҳои кафедраҳои тахассусӣ фаъолият намуда истодаанд.

Айни замон донишкада бо 70 корхонаҳои  соҳавӣ саноатӣ шартномаҳои ҳамкориро дар самтҳои таҷрибаомӯзӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон ба тавсиб расонидааст. Мо аз ҳамкориҳои судманд   бо Ширкати к=ьию саноатии Тожикистону Хитой, корхонаҳои мадантозакунии Анзобу Адрасмон, корхонаи тиллои Зарафшон, корхонаи воҳиди давлатӣ “Фулузоти нодири шарқ” , корхонаи воҳиди “Экспедитсияи комплексии гелолгии Қайроққум”, Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди “Хуаксин Ғаюр семент”, Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Ангишт”, Корхонаи воҳиди давлатии “Нури Ховар”, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва ғайра  дар самти бо ҷои кор таъмин намудани хатмкунандагон изҳори қаноатмандӣ менамоем.

Қайд намудан лозим аст,  ки имрӯз донишкада бо 42 муассисаҳои олии касбии хориҷи дуру наздик дар самтҳои таҷрибаомӯзӣ, корҳои илмӣ- тадқиқотӣ ва интиқоли донишҷӯён шартномаҳои ҳамкориро роҳандозӣ намуда, дар тадбиқи якчанд Лоиҳаҳои байналмиллалӣ фаъолона ширкат меварзад. Мавриди зикр аст, ки тибқи ин шартномаҳо кормандону магистрантҳо ва донишҷӯён дар муассисаҳои олии касбии хориҷи дуру наздик Федератсияи Россия, Украина, Қазоқиистон, кишварҳои Юнон, Норвегия ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ба таҷрибаомӯзӣ фиристода мешаванд. Ин ҳамкориҳо  барои тайёр намудани мутахассисони болаёқат шароитҳои мусоидро фароҳам меоварад.

 

З.Орифов,

сардори шуъбаи иттилотии ДКМТ