МУҲАММАДИҚБОЛИ ТЕРРОРИСТ ВА НАҚШОФАРИИ Ӯ ДАР БОЗИИ НИҲОНИ НАҲЗАТИЁН

Ҳарчанд ин шабу рӯз дар кишварҳои аврупоӣ наҳзатиёни палид ҷой гирифтаанд ва дар ҳамон ҷо бо дастгирии хоҷагони хориҷияшон чанд расонаи ифротиро дар шабакаи интернет таъсис додаанд, ки ба тарғибу ташвиқи ғояҳои ифротгароӣ машғул  мешаванд.

Яке аз чеҳраҳои манфури ин тоифаи бадкеш Маҳмадиқболи Садриддин аст, ки барои  гумроҳ кардани мардум сомонаи Ислоҳ.нет-ро ташкил кардааст ва манфиати хоҷагони хориҷияшро болотар аз ҳама медонад ва бар алайҳи миллати тоҷик мавод ба нашр мерасонад.

Ҳарчанд маълум мешавад, ки Муҳаммадиқболи террорист барои ба даст овардани маӣлағи бештар ва гармтар кардани бозори ифротгароияш матлабҳои носаҳеҳро бештар ба нашр мерасонад, аммо ҳақиқати ҳолашро мехоҳад аз мардум пинҳон нигоҳ дорад. Зеро ин террористи наҳзатӣ талош менамояд, ки зиёдтар худашро дар пушти парда нигоҳ дорад ва худашро ҳамчун ватандӯст нишон диҳад, аммо ҳақиқат ин аст, ки як риёли хоҷааш аз ҳамаи ин барояш бол меистад.

Зеро чанде қабл дар матлабе роҷеъ ба ҳимояи хоҷагони хориҷияш навишт, ки Тоҷикистон чӣ ҳақ дорад аз кишварҳои сармоягузори ТТЭ ҲНИ даъво пеш орад??!!..

Ҳарчанд ин рафтори Муҳаммадиқболи террористро фаҳмидан мумкин буд, ки ин авбоши наҳзатӣ бар алайҳи миллат мубориза мебарад ва арзишҳои бузурги мисли Ватан, Модар ва Дин барояш ягон аҳамияте надорад ва барояш як сухани хоҷаи хориҷияш аз ҳамаи ин боло меистаду  вай танҳо  барои фирефта сохтани мардум аз ин арзишҳо истифода менамояду халос.

Зеро файласуфи бузурги Шарқ Муҳаммад Зарринтоҷи Кордон перомуни рафтори ин тоифа чунин изҳори назар кардааст: “ Инсоне, ки аз бузургтарин арзиш барои ноил шудан ба мақсадҳои нопокаш истифода мекунад, вай ҳамоно ҷойгоҳаш партовгоҳест, ки худ арзиши инсониро надорад.”

Аз ин гуфта чунин хулоса намудан мумкин аст, ки инсонҳои пулпараст ва шикампарвари мисли Муҳаммадиқболи террорист ҳаргиз ҳаққи инсон буданро надоранд ва ҷойгоҳашон низ ҳамон ахлотгоҳ аст.  Зеро ин тоифаи бадкеш аз ислом ва дигар арзишҳо ба мақсадҳои нопок истифода намуда, дар миёни ҷомеа нақш мебозанд ва ба ҳамин восита мехоҳанд мардумро гумроҳ кунанд.

Ҳарчанд миллати тоҷик кайҳо фаҳмидааст, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва махсусан Муҳаммадиқболи террорист барои паст намудани мақоми кишвар дар арсаи байналмилалӣ талош менамоянд ва мехоҳанд, ки миллатро гумроҳ намуда, ғуломи хоҷагони хориҷияшон созанд, аммо ин бадкешон ҳанӯз ҳам нақшофарӣ мекунанд ва фирк мекунанд, ки ба миллат ва Ватан хиёнат намуда, барои хоҷаҳояшон хидмати бузург мекунанд.

Чӣ кунем, ки ҳоло ҳақиқат ошкор гардидааст ва мардум аллакай медонанд, ки ин наҳзатиёни палид, душманони аслии миллати тоҷик мебошанд ва  дар ниқоб нақшофарӣ менамоянд.

Аммо шояд имрӯзҳо хоҷагони хориҷияшон ҳам пай баранд, ки дигар бо ин террористони наҳзатӣ намешавад миллатро фирефта сохт, зеро ҳамагон хуб медонанд, ки ҳамин наҳзатиёни палид ҷанги шаҳрвандиро дар кишвар ташкил намуданд ва хуни зиёда аз 150 ҳазор нафар бегуноҳро рехтанд, ки ин бузургтарин хиёнати наҳзатиёни манфур дар таърихи башарият мебошад.

Вале Муҳаммадиқболи террористу бадкеш бошад мехоҳад, ки ҳамин гуноҳ ва ҳамин хиёнати бузурги наҳзатиёни авбошу ҳаромзодаро руйпӯш намояд ва барои ин ҳар рӯз як матлаби бардурӯғ дар интернет ба нашр мерасонад, ки ин ҳам хиёнати ин бадкеш аст.

Меҳвар Абдусаломов

Омӯзгори ДКМТ