МУҲАММАДИҚБОЛИ САДРИДДИН ДУШМАНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК!

Чанд рӯз аст, ки душманони миллати тоҷик ба хотири фиреб додани ҷомеа ва гумроҳ сохтани насли ҷавон бештар талош мекунанд, то сафсатаҳои бофтаашонро ба ҷомеа талқин созанд. Яке аз чунин хоинони мардумфиреб ва қаллоби наҳзатӣ Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, ки дар сомонаи террористии таъсисдодааш бо номи ислоҳ.нет кӯшиш мекунад, то  ҷавононро мағзшӯӣ кунад.

Ҳамагон хуб медонем, ки М. Садриддини террорист ҳамон қаллобест, ки ба хотири ба даст овардани маблағ бо овардани ҳадису ояҳои каломи шариф ҳамватанони худро фиреб додааст. Яъне рӯирост бо истифода аз дин қаллобӣ намудааст. Пас аз чунин як қаллою уммеди некӣ аз куҷо ояд?

Ҳарчанд, М. Садриддини номусбохта ба хотири гумроҳ гардонидани ҷомеа ҳамарӯза як дурӯғ мебофаду кӯшиш менамояд бо овардани ояҳову суханони динӣ худро ба дили мардум ҷо намояд, аммо чӣ метавон ин дасисабозро бовар кард, вақте, ки аз барои 40 евро ба ҷанозаи падараш нарафт?

Ва ё ин ки наҳзатиёни террорист хизматҳои волидайнро аз манофеи хоҷаи хориҷияшон боло медонанд?

Ё волидайн дар дини наҳзатиёни террорист ягон қадре надорад?

Пас нафаре, ки ҳатто дар охирин лаҳзаи умри падараш нахост бо ӯ бошаду 40 евроро авлотар донист, чӣ гуна метавонад барои миллат сухани дуруст бигӯяд?

Аз ин рӯ, ҷавонон бояд таваҷҷуҳ кунанд, ки М. Садриддини як ҷинсгумкардаву виҷдонфурӯхтаест, ки ба хотири амали намудани мақсадҳои нопоки хоҷагони хориҷияш аз ҳеҷ коре даст намекашад ва ҳамин аст, ки ҳамарӯза дасисабозиву иғвобарангезӣ менамояд.

А.Олимов                

омӯзгори ДКМТ