Дар ҷаҳони муосир корупсия аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушдӣ иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва тартиби ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ба ҳисоб меравад. Мубориза бо коррупсия ҷузъи муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, амали намудани он ташаккули заминаҳои боеътимоди ҳуқуқию ниҳодӣ ва ҷалб намудани ҳамаи ҷомеаро талаб менамояд.
Бо шарофати ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои милат Президенти Кишварамон, Муҳтарам Эмомали Раҳмон ҳамаи ин заминаҳо дар кишварамон фароҳам оварда шудааст.
Барои пегири аз ҳама ҷинояту ҷинояткорӣ ва мубориза бо корупсия санаи 31 октиябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди корупсия қабул шуд, ки санаи 9 декабри соли 2003 дар конфронси сиёсӣ зиёда аз 100 давлати дунё ба Конфренсияи мазкур имзои худро гузоштанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қатори дигар давлатҳо санаи 25 сентиябри соли 2006 ба Конвенсияи мазкур имзо гузошта, он ба низоми ҳуқуқии кишвар ворид карда шуд.
Дар ин самт қонунҳо ва дигар санадҳои меёрии ҳуқуқӣ ба талаботи замон ҷавобгӯй қабул шудаанд, ки барои пешгири аз ин кирдори номатлуб мубориза мебаранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии муҳимтарин конвенсияҳо ва ниҳодҳои байналмилали дар соҳаи мубориза бо корупсия буда, дар Осиёи Марказӣ ягона кишваре мебошад, ки аз лаҳзаи таъсиси шабакаи зидди корупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд узви он гардидааст. Бо ибтикори Пешвои миллат барномаи давлатии мубориза бо корупсия дар сатҳи давлати ду маротиба Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар кишварамон қабул карда шуд.
Айни замон корупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб ва яке аз ҷиноятҳои хафнок ба амнияти давлат ва суботи ҷомеа арзёби мегардад. То ҳол ягон давлати дунё ин падидаи номатлубро пурра аз байн набурдааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди корупсия” мавҳуми корупсия чунин шарҳ дода шудааст: “Корупсия кирдорест, ки шахси ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайри қонуни ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримодди, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамояд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ”.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои дорои хусусияти корупсионӣ, инчунин, хавфу хатар оқибатҳои манфии онҳо изҳори назар намуда, роҳу усулҳои пешгирӣ кардани ин зуҳуроти номатлуб ва мубориза бар зидди корупсияро самти афзалиятноки фаъолияти давлату ҳукумат меҳисобанд.
Мубориза бар зидди ин кирдори номатлуб кори дастаҷамъона буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварад ва болоравии корупсияро коҳиш диҳад.
Бахронова М.М.- омӯзгори калони кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ
Набиева Д.К. – ассистенти кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон