Ҷомеаи башарӣ муддати даҳсолаҳои охир ба як қатор мушкилот рӯ ба шудааст, ки ҳалли худро тақозо менамояд. Аз ҷумла, боло рафтани сатҳи зуҳуроти коррупсионӣ яке аз он мебошад, ки барои ҳаёти инсоният таҳдид намуда, ба амнияти давлату миллат, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ монаеҳои сунъӣ эҷод менамояд.
Истилоҳи коррупсия “Фасод” буда, ҳануз дар давраи ҳукмронии Ҳахоманишиён ба вуҷуд омада буд. Куруши Кабир ба муқобили фасод, ришваситониву тамаъҷӯӣ ва порахӯрӣ хеле мубориза бурдааст. Пора истилоҳи форсӣ – тоҷикӣ буда, аз замонҳои қадимтарин дар байни омма мавриди истифода дорад. Ришва бошад, калимаи арабӣ буда, бо мурури замон вориди забони тоҷикӣ гардида аст.
Мафҳуми корупсия аз нигоҳи луғатномаи “Ғиёс-ул-луғот” чунин омадааст: “Ришват – он чӣ ба касе диҳанд, то корсозии баноҳақ кунад ва дар форсии қадим онро пора гӯянд”.
Тақрибан тули як аср аст, ки истилоҳи “Коррупсия” аз забони русӣ вориди забони мо гаштааст ва бо гузашти вақт, вобаста ба тағйироту пешравиҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, пайдо намудани таҷриба оид ба мубориза бо коррупсия, бо назардошти таҷрибаи пешқадами дигар давлатҳо дар ин самт эътироф ва тасдиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба мубориза бо коррупсия дар ҷумҳурӣ ба миён омад.
Лозим ба ёдоварист, ки барои пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бурдан бо фаъолияти коррупсионӣ 31 октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия қабул карда шуда, рӯзи 9 декабри соли 2003 дар шаҳри Меридаи кишвари Мексика дар Конфронси сиёсии сатҳи баланд бо иштироки намояндагони зиёда аз 100 давлат барои ҳамроҳшавии дигар давлатҳои ҷаҳон баргузор гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ҳуҷҷати мазкур 25-уми сентябри соли 2006 имзо гузошт ва он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар 16-уми апрели соли 2008 тасдиқ гардид.
Вобаста ба пешгирии амалҳои характери коррупсионидошта, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 07-августи соли 2020, таҳти №1714 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо коррупсия” ва аз санаи 03.08.2021, №222 дар бораи “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ба тавсиб расиданд.
Мафҳуми “Коррупсия” дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” чунин шарҳ дода шудааст: “Коррупсия-кирдоре, ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ” мебошад .
Оид ба мафҳуми “Муқовимат ба коррупсия” бошад, дар “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” чунин омадааст: “Мафҳуми ин ҷараён асосан аз унсурҳои мубориза бар зидди коррупсия ва пешгирии коррупсия иборат буда, қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳия ва амалишавии он аз иродаи олии сиёсии роҳбарияти давлат оғоз гардида, самаранокии муқовимат ба он аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардии он вобастагии зич дорад”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун кафили ҳуқуқу озодиҳо ва амнияти мардум ҳамасола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паём ирода намуда, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро дар як сол таҳлил намуда, вазифаҳоро барои минбаъда муайян месозанд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки дар ҳар як Паёми ироагардида ба мушкилоти коррупсия эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Зеро, коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ, ба мисли терроризм, экстремизм, гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир яке аз масъалаҳои глобалӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, содиршавии чунин ҷиноятҳо ба сатҳи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, мафкураи инсоният таъсири манфии худро мерасонад.
Дар Паёми санаи 28-уми декабри соли 2023 ироашуда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намуданд: “Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад”
Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст, зеро бе надоштани донишҳои сиёсӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳли ҷомеа муваффақ шудан ба мубориза бо коррупсия ва амалҳои коррупсионӣ ѓайриимкон аст.
Ҷиҳати мубориза бар зидди ин кирдори номатлуб солҳои охир дар кишвари мо заминаҳои дахлдори ҳуқуқӣ ва ташкилӣ муҳайё карда шудаанд, вале ҷиҳати паст намудани шиддати омилҳои коррупсионӣ зарур аст, ки иштироки боз ҳам фаъолтари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт таъмин гардида, нисбат ба амалҳои коррупсионӣ фазои воқеан оштинопазир фароҳам оварда шавад.
Адабиёт:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” аз 24.02.2017, №1393.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия».
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2023.
“Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то 2030”.
Қозиев К.С.-н.и.ф-м, профессор,
декани факултети электромеханикаи
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон