Устодони гиромӣ ва донишҷӯёни азиз!
Шуморо бо фарорасии Соли нави милодӣ муборакбод гуфта, ба Шумо саодати ҳамешагӣ, тандурустӣ, ваҳдати комил, муваффақиятҳои беназир ва амали гардидани орзӯҳои некро таманно менамоям.
Соли тақвимии 2019 – умро мардуми кишварамон дар партавӣ сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои бузурги меҳнатӣ ҷамъбаст намуданд. Президенти кишвар дар Паёми навбатиашон 26 – декабри соли 2019 тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳуриро баррасиву таҳлил намуда, соли 2019 – ро соли бобарору хотирмон арзёбӣ намуданд. Мардуми меҳнатдўсту ободкори ватанамон дар фазои сулҳу субот бо шукргузорӣ аз файзи истиқлолу ваҳдати миллӣ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлатамон аз он ҷумла, саноатикунонии босуръати кишвар қадамҳои ҳалкунанда гузоштанд.
Қайд кардан зарур аст, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар чандин масъалаҳои глобалии ҷаҳони имрўза масъалаи норасоии оби тоза, рушди иқтисодиёти сабз, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф ва пазируфта шуд, ки ҳамаи ин боиси баланд гардидани нуфуз ва обруйи мамлакатамон дар арсаи байналхалқӣ гардид.
Мавриди зикр аст, ки ҷомеаи меҳнатии Донишкадаи куҳӣ – металлургии Тоҷикистон чун тамоми мардуми кишвар соли 2019 – ро бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ҷамъбаст намуданд. Тавассути ташаббусҳои созандаву бунёдкории раёсати донишкада ва саъю талошҳои ҷомеаи меҳнатӣ базаи моддӣ – таълимии донишкада боз ҳам мустаҳкам гардид. Аз ҷумла, соли 2019 Маҷмааи варзишии дорои тамоми шароитҳои муосир бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд. Бо харҷи зиёда аз 2 миллион сомонӣ хобгоҳи рақами 2, ки солиёни зиёд дар ҳолати корношоямӣ ва садамавӣ қарор дошт, пурра азнавсозӣ карда шуд ва айни замон чӣ тавре ки шумо медонед, хобгоҳи мазкур мавриди баҳрабардории омўзгорони ҷавон ва донишҷўйдухтарон қарор ёфтааст.
Соли 2019 тақвият ёфтани базаи моддии таълим, барои боз ҳам беҳтар гардидани раванди таълиму тарбия мусоидат намуд. Натиҷаи ҳамин аст, ки сатҳу сифати таълим боло рафта, сифатнокӣ ва пешрафти донишандўзии донишҷўён таъмин карда шуд. Раванди таълим хусусан, машғулиятҳои амалӣ асосан дар синфхонаҳои компютерӣ, ташхисгоҳу озмоишгоҳҳо ҷараён мегиранд, ки ҳамаи ин барои омода намудани мутахассисони болаёқат мусоидат менамояд.Чун солҳои гузашта донишкада аз рўи ду нишондиҳанда: нақшаи қабул ва нақшаи бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон дар байни муассисаҳои олии касбӣ ба натиҷаҳои беҳтарин ноил гардид.
Бояд тазаккур дод, ки соли 2019 донишҷўёни мо дар озмунҳои сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявии “Донишҷўи сол”, “Ихтироъкори ҷавон”, “Дастони моҳир”, “Ҷилваи рангҳо” “Атласу адрас”, олимпиадаҳои фаннӣ ва дигар чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ ширкат варзида сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла, омўзгори ҷавон мудири кафедраи коркарди конҳои фоиданок Осими Оқил дар озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ”, дар даври вилоятӣ ғолиби ҷойи аввал гардида, бо Ҷоизаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода сазовор гардид. Дар даври ҷумҳуриявӣ бошад, бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.
Соли 2019 нерўи илмии донишкада афзун гардида, ҳамкориҳои илмӣ – техникӣ бо муассисаҳои олии касбии хориҷи дуру наздик дар самтҳои корҳои илмӣ – татқиқотӣ, татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ, таҷрибаомўзиҳо, мубодилаи донишҷўён боз ҳам густариш ёфтанд. Ҳамзамон, соли равон 6 нафар унвонҷўйҳо бомуваффақият рисолаҳои номзадиро ҳимоя намуданд.
Ҳамватанон ва ҳамкорони азиз!
Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудан ба соҳаи маориф ҳамчун соҳаҳои калидии ҷомеа, эълон гардидани 20 солаи омўзиш ва рушди илмҳои табиӣ – риёзӣ, дақиқ, техникӣ, аз 1 – сентябр соли 2020 дар ҳаҷми15 фоиз зиёд гардидани маоши омўзгорон ва идрорпулии донишҷўён моро водор месозад, ки аз ҳар вақта дида, бештар масъулиятшиносу меҳнатдўст бошем.
Итминони комил дорам, ки соли 2020 барои мардуми кишварамон соли бобарору хотирмон мегардад. Зеро, ки Паёми навбатии Пешвои миллатамон ҳамчун роҳнамо моро ба сўйи ояндаи дурахшон ҳидоят менамояд. Боварӣ дорам, ки ҷомеаи меҳнатии донишкада ба ғамхориҳои беназири Сарвари давлатамон бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, меҳнати шоён ҷавоб гардонида, дар татбиқи нуктаҳои асосии Паём саҳми арзанда мегузоранд
Бо ҳамин таманиётҳои зиёд ҳамаи Шумо омӯзгорон ва донишҷӯёни азизро аз номи Вазорати саноат ва технологиҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати донишкада ва шахсан аз номи худам ба муносибати фаро расидани Соли мелодии 2020 табрику муборакбод менамоям. Бароятон тансиҳатию хотирҷамъӣ, файзу баракат, бахту саодат, фазои сулҳу суббот ва дар кору фаъолиятатон комёбиҳои беназирро орзу менамоям. Бигзор Соли 2020 барои ҳар як хонаводаи тоҷик соли нек ва бобарору хотирмон бошад!
Бигзор дар Соли 2020 ҳамин тавр дар фазои сулҳу ваҳдати сартосарӣ хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ пур аз меҳру садоқат ва меҳанпарастиву шуҷоат бошад!
Соли наватон муборак ҳамкорони азиз!
Бо эҳтиром, ректори Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон
муҳтарам Фозилзода Мухтор Муродалӣ