Дар сомонаи иғвобарангези радиои “Озодӣ” мусоҳибаи террорист ва палиди рақами 1-и олам М.Кабирӣ нашр шудааст, ки дар он ин манфури наҳзатӣ бештар ба масъалаи интихобот таваҷҷуҳ намуда, ҳамон ҷо ҳам сиёҳдилӣ ва сиёҳкориву шайтонии худро истифода кардааст, ки бисёр ҳам шармовар аст.
Албатта, Кабирии палид манфур аз хориҷ истода бар маъракае, ки ҳоло нагузаштааст ва дар марҳилаи омодагӣ қарор дорад, ҳамчун фолбин пешгӯӣ кардааст, ки бисёр ҳам сифати шайтониву иғвобарангезии ин малъуни наҳзатиро ошкор месозад.
Ин касифи наҳзатӣ Кабирии палид дар ҷое дурӯғгӯияҳояшро ҷоиз гуфтааст ва ҳола ҳам макру ҳиллаяшро мегӯяд, ки ин талаботи сиёсат аст. Авбош ва бесаводи наҳзатӣ, Кабирии чапаргӯш асло намедонад, ки умуман сиёсат ба дурӯғ ниёз надорад ва дурӯғ душмани демкоратия аст. Вале Кабирии манфур дидаву дониста чунин маккориӣ ва айёрӣ кардааст:
“Агар ҳизби сиёсӣ аз рӯи меъёрҳои динӣ ҳамчун як ташкилоти динӣ ҳаракат кунад, он гоҳ ин ҳарфҳои шумо дуруст аст. Аммо ҳизби сиёсӣ аз рӯи меъёрҳо ва қоидаҳои ҳизби сиёсӣ амал мекунад. Албатта, ман намедонам, ҳоло ин сӯҳбате, ки ҳоло шумо кардед, дар куҷо гуфтаам, ман ба ҳеҷ ваҷҳ ҷонибдори дурӯғ, фиреб ва назарфиребиву риё дар сиёсат нестам. Аммо худи сиёсат тақозо мекунад, ки инсон, сиёсатмадор, ё ҳизб гоҳо ба хотири манофеи сиёсиаш, гоҳо ба хотири муруннат (нармишпазирӣ) ва ё флексибилитӣ нишон додан, аз баъзе, на ин ки аз арзишҳо, аз баъзе мавқеъҳои худ гузашт кунад, ё ақибнишинӣ кунад, ё онро тағйир бидиҳад. Ман фикр мекунам, ки ин гузашт кардан ва муруннат нишон додан аз худ, ҳеҷ гоҳ ба маънои риё, ба маънои ҳилла, ё макри шаръӣ нест.
Ҳоло дигар маълум мешавад, ки Кабирии ТТЭ ҲНИ дигар як сиёсатбоз нест ва дигар вакили парлумон ҳам нест ва як авбош ва маккору шайтон аст, ки чеҳраи аслии террористонаи худро зери ҳамин шағолсифатиҳояш пинҳон медорад ва аз ҳамин дарича ба ҷаҳон менигарад.
Ҷойи дигаре ин палиди ба ном донишманд ва дар асл як маккору айёр ва шайтонсифат ба саволи ширкат накардани ТТЭ ҲНИ дар интихобот аз рашку ҳасад ва бесаводияш чунин изҳори назар кардааст :
“Назари мо ин аст, ки ин поёни ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдат ва як ҷомеаи гуногунандеш аст ва оғози рафтани кишвар ба самти диктаторӣ ва якҳизбиву якнафарӣ.”
Аммо ин палид ва авбошу касиф намедонад, ки интихобот ин худаш аллакай раванди демократӣ аст ва ин худаш роҳи ҳамдигарфаҳмии мардум аст. Дар ҷомеаи демократӣ мардум тариқи интихоб ба ҳаёти сиёсӣ дахл мекунанд ва озодона мавқеи сиёсии худро тариқи раъйи худ муайян месозанд. Аммо Кабирии манфур ин масъаларо тобиши сиёсӣ додааст ва ҳамин ҷо ҳам хостааст, ки мардумро фиреб диҳад ва иғвобӣарангезӣ кунад. Оё кабирии манфур намедонад, ки демократия чист?
Оё ҳамин баргузории интихобот ва пурсидани раъйи мардум худ нишонаи демократӣ будани кишвар нест???
Оё кабирии манфур медонад, ки бузургтарин раванд ва муқаддастарин роҳ барои таъсир ба ҳаёти сиёсӣ дар ҷомеаи демократӣ ин интихобот аст???
Оё Кабирии палид, ки аз демократия сухан мекунад, оё худаш ба ҳамин сухану рафтораш ба демкоратия хиёнат намекунад????
Оё ҳамин сухани Кабирии манфур душманонаву иғвобарангезона нест???
Ба иттилои Кабирӣ ва дигар журналистони иғвогари Озодӣ мерасонем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон феълан 7 ҳизби сиёсӣ фаъолият мекунад ва ҳамаи ин ҳизбҳо барои интихобот омодагӣ мегиранд ва дар маъракаи пешазинтихоботӣ фаъол буданд. Пас куҷои ин камрангӣ ва ҳамдигарнофаҳмист???
Ин ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ТТЭ ҲНИ мамнуъ эълон шудааст ва боз чаро рӯзноманигорони радиои “Озодӣ” назари мақомотро қабул надоранд ва ТТЭ ҲНИ-ро ҳамчун як нерӯи сиёсӣ муаррифӣ мекунанд, дар ҳоле, ки ТТЭ ҲНИ на як нерӯи сиёсӣ балки як нерӯи террористӣ аст. Оё кормандони радиои “Озодӣ” ҳам аз мактаби террористии Кабирӣ пайравӣ мекунанд??? Ё радиои “Озодӣ” аз роҳбари террористон ва ТТЭ ҲНИ маблағ гирифтааст, ки ин қадра ин тоифаи бадкешро муаррифӣ мекунад????
Инҳо чанд саволе ҳастанд, ки ба худ ҷавоб мехоҳанд ва радиои “Озодӣ” барои ин рафтори ношоиставу хиёнаткорияш ба пешаи журналистика бояд аз мардуми кишвар узр бипусрад.
Ҳамзамон набояд фаромӯш кард, ки Кабирии палид душмани миллат аст ва пайт меҷӯяд, ки як кор карда, назари манфурона ва хоинонаи худро ба мардум расонад ва ҷомеаро гумроҳ созад. Зеро ин хоинони наҳзатӣ аз оромиву осудагӣ ва шукуфоии кишвар ҳасад мебаранд ва дарун-дарун месӯзанд ва ҳоло дигар намедонанд, ки чӣ кор кунанд.
Меҳвар Абдусаломов
Омӯзгори ДКМТ