Тавре, ки хуб медонем, бурдани тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон ва қишрҳои гуногуни ҷомеа имрӯзҳо ба ҳукми анъана даромадааст ва ин ҳам ҷанбаҳои мусбии худро дорад, ки дар ин росто мо аз суханони ҳикматомӯзи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳом мегирем.
Дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон миёни кормандон ва гурӯҳҳои варзишии Донишкада бо ташаббуси Шуъбаи кор бо ҷавонон оид ба намудҳои шоҳмот, волейбол, футбол мусобиқа гузаронида шуд.
Дар даври аввали мусобиқа, ки миёни дастаҳо аз намояндагии кафедраҳо гузаронида шуд, ғолибон маълум сохта шуданд ва ҳамин барои муайян намудани дастаҳои варзишкорони беҳтарин мусобиқаҳо бо аҳли раёсат гузаронида шуд.
Ҳамон гуна, ки аз Шуъбаи кор бо ҷавонони ДКМТ хабар медиҳанд, мусобиқаҳои варзишӣ то муайня шудани ғолиби асосӣ, яъне дастаи ғолиб миёни волейболбозон, футболбозон ва шоҳмотбозон идома меёбад.