Номуси ватандорӣ, ғурури миллӣ ва каромати инсонӣ дар ин рӯзҳои тақдирсоз ҳеҷ касро нисбат ба вазъият дар як гӯшаи зебоманзари диёрамон, Бадахшони хушовоза бетараф намегузорад.
Ҳамагон медонанд, ки имрӯзҳо дар шаҳри Хоруғ чӣ гуна аъзоёни дастаҳои ҷиноятӣ ҷавононро гумроҳ карда, бар зидди Конститутсия ва давлатдории миллӣ мешӯронанд. Гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ (ГМҶ) солиёни дароз мардуми ин диёри афсонавиро бо зулму зӯрӣ таҳти фишору таъзйиқ қарор додаанд. Онҳо дигар таҳти тантанаи волоияти қонун зиндагӣ карда наметавонанд. Ин буздилони тарсу бо истифода аз ҳаросе, ки дар шуури сокинони маркази вилоят ҷой кардаанд, даст ба иғвову моҷаро зада, худро пушти занони муштипар ва кӯдакони маъсум пинҳон месозанд. Чун дидаанд майдони тохтутозашон танг гаштаву теғи қонун болои сарашон ҷило медиҳад, мардуми одиро ба сипари зинда табдил дода, мехоҳанд бори дигар худро аз ҷавобгарӣ барои кирдори ҷиноятиашон: густохию саркашӣ дар муқобили қонунгузории ҷумҳурӣ, роҳзанию қочоқ, одамрабоӣ ва муқобилияти мусаллаҳона бар зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқ раҳо кунанд.
Бубинед, ҷинояткоре Зиёбеков Гулбиддин солее қабл корманди Прокуратураро ба гарав мегирад ва шиканҷа мекунад, ҳамдастони ҷинояткораш кормандони мақомотро, ки барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ вазифадор шудаанд, латукӯби гурӯҳӣ мекунанд, сардори шуъбаи милитсияро бо корд мезананд. Магар ин рафтори инсонист? Мо, магар дар асри занг зиндагӣ мекунем? Оё ин рафтор беэҳтиромӣ нисбати Конститутсия нест?
Пазируфтани чунин кирдорҳои ваҳшиёна ҳаргиз қобили қабул нест ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар бояд бо истифодаи тамоми неруе, ки дар ихтиёр доранд, роҳҳои дастгир ё нест кардани ин тӯдаи авбошро пайдо кунад. Вагарна худи онҳо ба қонуншиканӣ даст мезананд.
Гузашт кардан ва таҳаммулпазирӣ ба ин гурӯҳи ҷинояткор ба ашхоси иғвогару манфиатҷӯ боз имкон медиҳад, ки бо нишондоду роҳнамоии хоҷагони худ ягонагии ҳудудии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро зери хатар қарор диҳанд.
Онҳо бо баромаду мубоҳисаҳои бемантиқи худ дар васоити ахбори оммавии иғвоангези хориҷӣ ҳақиқати воқеаҳои Хоруғро таҳриф намуда, дар фазои иттилоотии минтақа ва ҷаҳон мехоҳанд ин ҷинояткоронро ҷабрдида нишон диҳанд. Вале мо талаб мекунем, ки ҷинояткорон ҳатман бояд дар назди қонун ҷавоб гӯянд.
.Имрӯз ҳар як сокини Тоҷикистон бояд ба қадри якдилию ваҳдати воқеӣ бирасад. Мардуми Тоҷикистон тайи чанд соли охир захми гароиши маҳалро аз ёд бурд. Фарзандони тоза ба камол расидаи мо, алорағми мо насли калонсол, дигар мансубияти якдигарро аз ҳам намепурсанд. Ана ҳамин аст меваи аз ҳама ширинтарин дар ниҳоли Ваҳдат, ки мо бо дасти худ нишондему парвариш кардем.
Мо ҳаргиз нахоҳем гузошт, ки дасти душмани кӯрдилу кӯтоҳбини дохилию хориҷии тоҷику тоҷикистонӣ бо нияти хушк намудан ҷониби ин ниҳол ёзад, ҳеҷ тааррузеро ба якпорчагии Тоҷикистони азизамон таҳаммул нахоҳем кард ва омода ҳастем, ки ба хотири ҳифзи арзишҳои миллӣ, амнияту субот, якпорчагию Тоҷикистони азиз ҷони худро сипар созем.