МУРОҶИАТНОМАИ ҲАЙАТИ ПРОФЕССОРОН, ОМЎЗГОРОН ВА КОРМАНДОНИ ФАКУЛТЕТИ КОРХОИ КУХИИ ДОНИШКАДАИ КУХИ-МЕТАЛЛУРГИИ ТОЧИКИСТОН

Мо, профессорон, омўзгорон, кормандон ва кулли донишҷўёни факултети корхои кухи  ба масъулияти том  ва баёни мавқеи устувори шаҳрвандии хеш, ба ҷавонон ва сокинони сарбаланди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон муроҷиат карда, изҳор менамоем, ки ба дасисабозиҳои баъзе ашхоси фитнангези ҷиноятпеша бовар накунанд!

Фирефтаи найрангҳои сиёсии гурўҳҳои зархариди хориҷӣ, ки дар асл гурўҳҳои муташаккили ҷиноятӣ буда, дар замири қалбашон мақсадҳои нопок ва ғаразнок доранд, нашаванд!

Таърих гувоҳ аст, ки гумроҳӣ ва бетарафии кулли ҷомеа ва ҳар як шаҳрванд, Ватани азизамон – Тоҷикистонро ба майдони ҷанги бародаркуш, падаркуш, модаркуш, фарзандкуш мубаддал гардонида буд. Халқи тоҷик сархам, бенаво ва мўҳтоҷи дигарон гардида буд. Фарзанди тоҷик тарки Модар – Ватан карда буд! Наход боз ношукрӣ ва носипосиро пеша кунем? Ҳаргиз на!!!

Мо итминони комил дорем, ки халқи азияткашидаи тоҷик такроран фирефтаи «бозиҳои сиёсӣ»-и фоҷеаовар намешавад!

Мо дигар намегузорем, ки аҳли башар гиряи кўдак ва фиғони модари тоҷикро шунавад!

Мо дигар намегузорем, ки хонаи ободи тоҷик боз ба доми оташи ҷанг кашида шавад ва хароб гардад!

Ҷавонони азиз, ҳамдиёрони гиромӣ!

Магар мо як модари дилсўз надорем? Магар мо як Ватани маҳбуб надорем? Магар як порча замини кучаки Тоҷикистон бо кўҳҳои осмонбўсаш бесоҳибу бе ҳомии хеш монда бошад? На!!!

Ҷавонмардони баору номуси Бадахшон, Хатлон, Рашт, Ҳисор, Суғд, ки хуни нофашон дар ҳамин сарзамини биҳиштосо рехтааст, баҳри ободии кишвари азиз ва гулафшонии Ватани маҳбуб шабу рўз талош доранд ва намегузоранд, ки душманони миллат бо ақидаҳои аҳримании худ ба пойдевори якдилии халқ ва якпорчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон рахна зананд!

Мо аҳли коллектив ва донишҷўёни зиёда аз 1200 нафараи факултети Молия ва иқтисодиёти бозори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров» Шуморо даъват менамоем, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ба қадри тинҷию осоиштагии сарзамини азизамон бирасем, баҳри бунёди давлати иҷтимоӣ камари ҳиммат баста саҳми босазои хешро гузорем!

Точикистон яктост-Ватан яктост!