МУРОҶИАТНОМАИ ШУЪБАИ ИЛМ, ИННОВАТСИЯ ВА РАВОБИТИ ИЛМИ ДОНИШКАДА

Мо, кормандони ШУЪБАИ ИЛМ ва инноватсияи ДонишКАДАИ КУХИ –МЕТАЛЛУРГИИ ТОЧИКИСТОН  ба ҷавонони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон муроҷиат намуда, даъват ба амал меоварем, ки доир ба ҳолатҳои баамаломадаи минтақаи мазкур ҳамчун фарзандони баору номуси Ватан фаъолияти пурсамар нишон дода, барои пешгирии корҳои ҷиноии гуруҳҳои нашъаҷаллоб, фурўши силоҳ ва ҳар гуна ҳодисаҳои номатлуб кўмак карда, дар амну осоиш нигоҳ доштани ин хиттаи заррини кишвар нақши арзандаи хешро мегузоранд.

Имрўз, фарзандони нохалафи тоҷик барои татбиқи нақшаҳои хоҷагони хеш тарки манзилу ҷоҳ ва хешу табор карда, дар хориҷи кишвар ба номи мардуми пуршарафи тоҷик, хусусан мардуми Бадахшон бо ҳар гуна туҳмату бўхтон иснод оварда, обрўйи онҳоро бо роҳандозии андешаҳои пучу бемаънӣ дар сатҳи байналмилалӣ мерезонанд.

Ба ҳамаи мо маълум аст, ки чанд гуруҳи ҷиноятпеша ва нашъаҷаллоб вазъияти Вилояти Мухтори Кўхистони Бадахшонро ноором карда,бо риоя накардани қонунҳои амалкунандаи кишвар фарҳанги пасти хешро нишон медиҳад, ки оқибати хуб надорад.

Бояд ҷавонони бонангу ори Бадахшон бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ  ҳамеша кўшиш намоянд, ки пояҳои ваҳдату ягонагӣ дар кишвар мустаҳкам гардад ва кишвари азизамон Тоҷикистон тавонад, ки дар канори дигар мамлакатҳои абарқудрат ҷойгоҳе сазовореро дар инкишофи илму маориф ва тамаддуни башарӣ  ба даст оварад.

Бояд қайд намоем, ки ҳамасола ҷавонони вилояти Суғд ва минтақаҳои гуногуни кишвар бо эҳсоси масъулият ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ шомил шуда, дар таъмини амнияти сарҳадии мамлакат ва орому осоиштагии мардум нақши сазовор гузошта истодаанд, ки ин шарафи бузург аст. Изҳори нигаронии мо аз он аст, ки имрўз ҷавонони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ҳарчанд дар адои ин вазифаи пурмасъулият нақши арзанда доранд, аммо ин нишондиҳандаҳо дар қиёс бо дигар манотиқи мамлакат  қаноатмандкунанда нестанд.Ҳатто, аз шаҳрҳои Хорўғ, ноҳияҳои Шуғнон ва Рўшон ягон нафар ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ  щомил нашудаанд ва аз мактаби ҷасорату мардонагӣ нагузаштаанд.

 

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки аъзоёни гуруҳҳои ҷиноятпеша аз дониш ва имкониятҳои ҷавонон ҳамаҷониба истифода бурда, барои амалӣ гардидани ҳадафҳои худ шароит фароҳам меоваранд, ки ин албатта боиси нигаронист.

Ҳомиёни гуруҳҳои ҷиноятпеша, аз ҷумла Толиб, Боқир, Ёдгор, ки кайҳо боз шарафу номуси мардуми Кўхистони Бадахшонро зери по намуда, худро ҳамчун ҳокими мутлақ ва «пешво»  -и мардум унвон кардаанд, худ нишонаи бетарафии ҷавонон нисбат ба якпорчагиву ваҳдати Бадахшон,аз ҷумла мамлакат мебошад.

Ба мо маълум аст, ки хешу табори чунин нафарони ҷиноятпеша на ин ки дар таъмини сулҳу салоҳ кўмак намекунанд, балки фарзандони худро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ низ шомил намегардонанд. Ин ба номи мардуми Бадахшон доғ меорад. Инчунин, яке аз аъзоёни гуруҳи ҷиноятпеша Алим Шерзамонов бовуҷуди аз бонкҳои мамлакат қарздор буданаш, ба хориҷи кишвар рафта,  тоҷикон ва мамлакати азизамонро дарбайни  ҷомаеи байналмиллалӣ паст зада, бо пастфитратӣ ҷавононро ба роҳи ҷинояту ҷинояткорӣ даъват менамояд, ки ин хилофи қонун мебошад. Мо боварии комил дорем, ки мардуми бонангу ори Бадахшон ба дасисаву ҳангомаҳои ин фарзанди нохалафи миллат бовар намекунанд ва муборизаро ба муқобили чунин гуруҳҳои ҷиноятпешаву нашъаҷаллоб пурзўр месозанд.

Бо ёдоварӣ аз ин вазъи ҷиноятии гуруҳҳои ҷиноятпеша мо ба мардуми шарифи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муроҷиат карда гуфтанием, ки ояндаи ваҳдату ягонии мамлакат дар ин қаламрав ба шумо сахт вобастагӣ дорад. Шумо зирракии сиёсиро аз даст надода, барои дастгир ва ба ихтиёри давлат вогузор намудани чанд ҷинояткори ватанбезору зархарид кўмаки аввалиндараҷаи худро мерасонед ва намегузоред, ки ҳадафҳои нопоки хиёнаткорони Ватан дар кишвари азизамон Тоҷикистон амалӣ шавад. Зеро волоияти қонун нишони сарбаландӣ ва сарфарозии мардуми кишвар мебошад.

Мо, аз ин фурсатҳои барои ҳамаи мо муҳим, яъне марҳалаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар  истифода бурда, бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҷавонони Вилояти Кўхистони Бадахшон барои хидмат ба Ватан, таъмини амну осоиштагии оилаи худ ва аз ҳама муҳим дар самти ҷамъоварии силоҳ ва пешгирии қочоқи маводи мухаддир камари ҳиммат баста, ваҳдату ягонагии Ватани азизамон Тоҷикистонро якдилона таъмин менамоянд.