МУРОҶИАТНОМАИ ОМӮЗГОРОНИ ҶАВОНИ ДОНИШКАДАИ КУҲӢ – МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ҶОНИБДОРИИ ФАЪОЛИЯТИ СИТОДИ БАЙНИИДОРАВИИ МАҚОМОТҲОИ АМНИЯТӢ ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

Мо омӯзгорони ҷавони  Донишкадаи куҳӣ – металлургии Тоҷикистон фаъолияти Ситоди байниидоравии мақомотҳои амниятии кишварро  дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷиҳати таъмин намудани волоияти қонун, риояи  тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳар гуна ҳуқуқвайронкуниҳо, гардиши маводи мухаддир ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.

Мо ҷавонон хусусан, аз суханронии Раиси навтаъиншудаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба ваҷд омадем, зеро Раиси вилоят дар баромади худ вазъи вилоятро ва хусусан шаҳри Хоруғро холисона, ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, мардумро ба созандагию бунёдкорӣ даъват намуд.

Ҳамзамон, тавассути воситаҳои ахбори омма мунтазам огоҳ шуда истодаем, ки вазъи риояи тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Хоруғ рӯз аз рӯз беҳтар шуда истодааст.

Натиҷаи фаъолияти Ситоди байниидоравӣ буд, ки шаҳри Хоруғ аввалин шуда, нақшаи даъвати ҷавононро ба сафи Артиши миллӣ 100 фоиз иҷро намуд. Мо ба нерӯи ояндасози ҷавонони Бадахшон боварии комил дорем ва инро мо дар чорабинии  Рӯзҳои ҷавонони ВМКБ дар вилояти Суғд, ки соли равон баргузор гардида буд,  эҳсос намудем.

Бинобар ин, мо аз ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  даъват ба амал меоварем, ки ҳамчун пайравони  Пешвои миллат баҳри боз ҳам рушд кардани вилоят камари ҳиммат баста, тамоми неруи худро баҳри гулгулшукуфии  ватани  азизамон равона  намоянд.

 

Зулфон Эшов

Шодмон Раззоқов

Шуҳрат Бобоев

аз номи омӯзгорони ҷавони  кафедраи              таъминоти барқи ДКМТ