МУРОҶИАТНОМАИ ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ ЭЛЕКТРОМЕХАНИКА  БА ҶАВОНОНИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КЎҲИСТОНИ БАДАХШОН

Мо, донишҷӯёни факултети физикаю техника вобаста ба нашри ақидаҳои муғризонаигурўҳҳои мухолиф нисбат ба шароит ва ҳолати имрўзаи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, ба тамоми  ҷавонони минтақа муроҷиат намуда, изҳор менамоем, ки имрўз дар чунин шароити ҳассос ва сарнавиштсоз, набояд фирефтаи суханони гурўҳҳои  ҷиноятӣгардида, нисбат ба марзиаҷдодӣ ва сарзамини поки ниёгони хеш ҳар гуна амалҳоиноматлубро раво бубинед. Имрўз душманону хоинони миллат аз хориҷи кишвар истода тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна андешаҳоро паҳн намуда, тадбирҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ҷамъоварии силоҳ, пешгирӣ аз гардиши мошинҳои берақам, интиқоли маводи мухаддир ва дигар иқдомотро як навъ амалиёти давлат нисбати мардуми Бадахшон  маънидод мекунанд.

Маводи паҳнкардаи душманони миллат аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳадафи онҳо ба ҷуз аз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни минтақаҳои Тоҷикистони азиз  дигар коре нест. Вагарна аз чӣ сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иҷтисодӣ ва иҷтимоии Ватан канораҷӯӣ мекунанду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушду нумӯи кишвари худ ширкат намеваррзанд? Меҳнат ва эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷӯӣ ва харобкориро пеша мекунанд.

Тамоми мардуми соҳибхиради Тоҷикистони азиз,  пеш аз ҳама сокинони бонангу номуси Бадахшон худ ба хубӣ дарк мекунанд, ки ҳаргиз чунин набудаву нахоҳад буд, зеро таҳлилҳои анҷомёфта нишон медиҳанд, ки давоми чанд соли охир чанд гурўҳҳои ҷиноятпеша, на танҳо хилофи қонунҳои амалкунанда рафтор намуда истодааст, балки онҳо дар баробари бадном намудани мардум, боиси ранҷу озори  халқи шарифи Бадахшон гардида истодаанд.

Бинобар ин, мо донишҷӯён ва ҷавононро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро на танҳо бо забон, балки бо меҳнати софдилона, донишҳои ҳозиразамон дар ҳамаи соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва фориғбол набошем ва барои таълиму тарбияи насли оянда дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

 

Донишҷӯёни факултети ЭЛЕКТРОМЕХАНИКА